Activities calendar

23 Март 2019

ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "БӮСТОН-2010"-И НОҲИЯИ ВАХШ

Дар доираи сафари кории худ дар Вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Бӯстон-2010"-и ноҳияи Вахш ба кишти пахта оғоз бахшиданд.

БОЗДИД АЗ КООПЕРАТИВИ ТИҶОРАТИИ "БЕҲБУДӢ" - И НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кишту парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаи барвақтӣ дар Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" - и ноҳияи Кӯшониён шинос шуданд.

СУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МАҶМААИ ВАРЗИШИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ

Ҳамватанони гиромӣ!

Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!

БА ИСТИФОДА СУПОРИДАНИ ФАКУЛТАИ СИЁСАТ ВА ИДОРАИ ДАВЛАТИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР

Дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварда, дар маросими мавриди истифодабарӣ қарор додани  Факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳ иштирок намуданд. Пешвои миллатро донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ самимона истиқбол гирифтанд.

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОСИ ТЕРМИНАЛИ АВТОМОБИЛИИ МУСОФИРКАШӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо гузоштани санги асос ба бунёди терминали автомобилии мусофиркашӣ дар масоҳати 3 гектар оғози расмӣ бахшида, бо Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон шинос гардиданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ РАВҒАНБАРОРИИ «ГАНҶ» ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Рӯзи 23-юми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ташриф оварда, дар Ҷамоати деҳоти Бӯстон- Қалъа ба фаъолияти бузургтарин корхонаи равғанбарорӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ», ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар майдони як гектар сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.