Activities calendar

20 Март 2019

ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ “КОРВОНИ НАВРӮЗӢ”-И ШАҲРИ НОРАК

Пас аз ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонони ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ ва роҳбарону фаъолони шаҳри Норак, ки дар базмгоҳи наврӯзӣ ба ифтихори таҷлили иди баҳору зебоӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

СУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Ҳамватанони азиз!

Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

ИФТИТОҲИ МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ДАР МАЙДОНИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ НОРАК

20 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар майдони марказии шаҳр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ аз руи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро бардошта онро ифтитоҳ карданд.

БАРАФРОХТАНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохтанд.

МУЛОҚОТ БО 250 НАФАР ЯТИМИ КУЛ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак чун анъанаи аҷдодӣ ба 250 нафар ятими кул, ки муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ МАЙДОНИ ВАРЗИШӢ ДАР НАЗДИ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ НОРАК

20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди варзишгоҳи марказии шаҳри Норак барои бунёди майдони варзишӣ санги асос гузошта, бо сохтмончиёни иншооти мазкур суҳбат намуданд.

МАРОСИМИ БА ИСТИФОДА СУПОРИДАНИ НИШОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ НОРАК

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Норак 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ “ГИДРОМЕХСАНОАТ”-И ҶСК “ТОҶИКГИДРОМОНТАЖ” ДАР ШАҲРИ НОРАК

Дар минтақаи саноатии шаҳри Норак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Корхонаи “Гидромехсаноат”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж”-ро мавриди истифода қарор доданд.

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ КОШИНҲОИ РЕЗИНӢ ДАР ҶДММ “ЗАВОДИ ТАҶРИБАВӢ-МЕХАНИКӢ"-И ШАҲРИ НОРАК

20 март бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ - механикӣ”-и шаҳри Норак мавриди истифода қарор гирифт.

ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ЯК МЕҲМОНХОНАИ ЗАМОНАВӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Дар идомаи сафари корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии як меҳмонхонаи замонавӣ, ки начандон дуртар аз Неругоҳи барқи обии “Норак” дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш сохта мешавад, оғози расмӣ бахшиданд.

ОҒОЗИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “БАРҚАРОРСОЗИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “НОРАК”

20 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Норак” оғози расмӣ бахшида, бо ҷараёни навсозии агрегатҳо шинос шуданд.

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ШАҲРИ НОРАКИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Субҳи рӯзи 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба Соли нави миллӣ- ҷашни байналмилалии Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон ташриф оварданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.