Activities calendar

01 Март 2019

ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁН ОИД БА ПЕШГИРИИ ИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ МУХАДДИР

Дар толри Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии намояндагони шуъбаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Ғаффорзода Н, Солеҳзода Ш, Қодирзода Б бо донишҷӯёни муассисаи таълимии ғайридавлатии Колеҷи тиббии ноҳия ва Литсейи касбии техникии ноҳия баргузор гашт.

ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ БО СОҲИБКОРОНИ МАҲАЛЛИИ ВИЛОЯТ

Рӯзи 28 феврали соли 2019 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ бо соҳибкорони маҳаллии вилоят баргузор гардид.

ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДИ НОҲИЯ

Дар Боғи фарҳангии ноҳияи Фархор Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” бо иштироки васеи ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо бо пешкаши беҳтарин маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ аз қабили чубкорӣ, оҳангарӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, гӯлдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, адрасбофӣ, тарроҳӣ, ҷомадузӣ доир карда шуд.

ТАЪҒИРОТИ КАДРӢ ДАР САРРАЁСАТИ МОЛИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА СОХТОРҲОИ МАҲАЛЛӢ

Бо мақсади иҷрои фарони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи қойдаҳои гузаронидани ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарраёсати молияи вилояти Хатлон, раёсати молияи минтақаи Кӯлоб ва раёсатҳои волияи шаҳру ноҳияҳои вилоят таъғироти кадрӣ ба амал омад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.