Activities calendar

26 February 2019

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ҚУБОДИЁН

Бо фаро расидани фасли баҳор дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилалӣ дар саросари ноҳияи Қубодиён корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Ноҳия бо наздик гаштани идҳои баҳорӣ ба худ симои идона гирифта, ҳар як сокини ноҳия дар бурдани корҳои ободонӣ аз худ масъулият зоҳир намуда, саҳмгузорӣ менамояд.

ДАР НОҲИЯИ Ҷ. БАЛХӢ БОҒҲОИ БИСЁРСОЛА БАРҚАРОР МЕШАВАНД

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати барқарор намудани боғҳои бисёрсола тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Дар стантсияи таҷрибавии зироатҳои гармидӯсти ноҳия вобаста ба барқарор намудани майдони боғҳо дар майдони 6 га боғҳои нав бунёд карда шуд.

ҲАДАФИ МО БУНЁДКОРӢ ВА ОБОДОНИСТ

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар ноҳияи Ёвон бунёдкориҳо рӯз то рӯз вусъати тоза мегиранд. ҶДММ “Истиқлолият”, ки роҳбарии онро ҷавонмарди ватанпарвар Қоризода Мухторхуҷа ба уҳда дорад, айни замон дар шаҳраки Ёвон ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта истодааст, ки яке нуҳ ва дуюмӣ шашқабата мебошанд.

ШИНОСОИИ ХОНАНДАГОН ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳияи Ҷайҳун баҳри омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2019 аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, комисарияти ҳарбӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия рӯзҳои 19 ва 20 феврали соли 2019, 600 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро ба қисми Низомии 07.256-и Камендатураи шаҳри Бохтар ҷиҳати шиносоӣ ба роҳ монданд.

ОЗМУНИ “ВАТАНПАРВАР” ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Қубодиён тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшида ба 26 солагии таъсисёбии “Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба мақсади тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони ноҳияи Қубодиён дар байни хонандагони 12 муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни ҳарбӣ-варзишӣ “Ватанпарвар” баргузор карда шуд.

ХИЗМАТ КАРДАН БА ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ҶАВОН МЕБОШАД

Имрӯзҳо дар сар то сари шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон 26 - умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Қобили қайд аст, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзу ҳимояи марзҳои Ватан саҳми сазовору ҷавонмардона гузошта истодаанд.

ТАҶЛИЛИ 26-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ҳозиринро раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода бо ин санаи таърихӣ табрик намуда, артишро рукни асосии давлатдории муосир ва сипари боэътимоди давлат арзёбӣ намуд.

ЭҲЁИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ КИМИЁ, НАФТ ВА САНОАТИ МАҲАЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар давраи тайёри барои ҷашнгирии “Иди Наврӯз” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандони соҳаи кимиё, нафт ва саноати маҳалии вилоят 2 феврали соли 2019 Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи соҳа таҳсис дода шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.