Activities calendar

25 February 2019

ҲИФЗИ ВАТАН АЗ ҲИФЗИ ҶОН ВОҶИБТАР АСТ!

Дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №1-и шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ бо иштироки хонандагони фаъоли Китобхона ва намояндаи комиссарияти ш. Кӯлоб бахшида ба 26 –умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи хонандагон баргузор гардид.

МАВОДҲОИ ДОРУВОРИИ МУҲЛАТИ ИСТИФОДААШОН ГУЗАШТА НОБУД КАРДА ШУД

Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳои меъёри ҷавобгӯй набударо, несту нобуд кард.

ТАЭКВАНДО (WTF). ҒОЛИБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Дар шаҳри Бохтар мусобиқаи кушоди интихобӣ миёни дастаҳои муассисаҳои варзишии шаҳр ва Муассисаи давлатии «Мактаби варзишӣ» оид ба таэквандо (WTF) байни калонсолон доир гардид.

ИСТИҚБОЛИ 26- УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26-уми солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо тантана таҷлил карда шуд. Чорабинӣ бо иштироки афсарону сарбозон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони набардҳои башардустона, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, афсарону сарбозни қисми низомии 13483д, намояндагони комисариати ҳарбӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир карда шуд.

ТАҶЛИЛИ САЗОВОР АЗ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Левакант рӯзи 22 феврал бо иштироки раиси шаҳри Левакант Самизода С.З., чорабинии идона бахшида ба 26- солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

ВОХӮРӢ ВА КӮМАК БА ИНТЕРНАТСИОНАЛИСТОН

Ба ифтихори 26 –солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода бо интернатсионалистон баргузор гардид. Абдуалим Исмоилзода иштирокдоронро ба ин рӯз шодбош гуфта, аз ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар ёдовар гардид.

Иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.