Activities calendar

26 январ 2019

Вохури бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят

  25 январи соли 2019 дар маҷлисгоҳи беморхонаи вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов вохӯрии раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон бо кормандон ва роҳбарони тамоми сохторҳои соҳаи тандурустии вилоят доир гардид.

Вохурии раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон бо кишоварзони вилоят

  24 январи соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон раиси вилоят бо кормандони соҳаи кишоварзӣ вохури анҷом дод.

Паёми табрикии Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон  ба сокинони вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили Иди Сада

Ҳамдиёрони азиз!

МАОРИФ ДАР "УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ"

  Таври маълум, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти сарвариашон илму маорифро аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ эълон доштанд ва пешрафти минбаъдаи мамлакатро ба рушди ин соҳа ва беҳтар намудани заминаи таълим вобаста донистанд. 

МУЪМИНОБОД. МАВЗЕЕ, КИ ТАЪРИХАН ТАБИАТИ САЙЁҲӢ ДОРАД

   Хоҷагии  ҷангали  ноҳияи Муъминобод дар масоҳати беш аз 10 ҳазор гектар  - аз қаторкӯҳҳои Ҳазрати Имом то дарёи Ёхсу тӯл кашида, тамошои он ва мавзеъҳои  афсонавии Чилдухтарон, Зелолак, Ҷавзодараю Саркорон ба кас неру ва ҳаловат мебахшад. Дар ин мавзеъҳои ҷолиб беш аз 300 ҳазор дарахтони сояафкану мевадиҳанда, ба монанди зардолу, себ, сарв, акатсия, дулона, чормағзу бодом месабзанд.

САДА. ҶАШНИ БУЗУРГИ КИШОВАРЗОН ВА ТАМОМИ МАРДУМИ ТОҶИК

  Сада аз бузургтарин ва бошукӯҳтарин ҷашнҳои суннатии тоҷикон буда, паёме аз даврони куҳан, аз ихтирои бузурги инсоният - оташ мебошад. Оташе, ки ба хотири Ҷашни Сада меафрӯзанду дар гирди он аловпарак мекунанд, моро ба гузаштаи дур мебарад, ба марзе, ки дар он ниёгони мо дӯстиву муҳаббат ва рӯшноӣ офаридаанд. Сада асосан пас аз анҷомёбии чиллаи калон таҷлил мегардад. 

БАРОИ ОЯНДАИ НЕКИ ФАРЗАНДОН

  Бо чунин унвон дар толори мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар ҷамъомади волидайн дар партави ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дартаълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки Ҷурабой Сангов, намояндаи Раёсати фарҳанги вилоят, омӯзгорон ва падару модарон баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дасти хонандагонба намоиш гузошта шуд.

Наҳзатиҳои ифротӣ, то ба кай мардумфиребӣ ?!

Мутаассифона, дар шароити ҳассоси байналмилалӣ, рӯйрост шудани дахолати геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби  нерӯҳои ифротии кишварҳо барои муташанниҷ сохтани вазъияти сиёсӣ, махсусан, дар давлатҳои тозаистиқлол, хавфи авҷ гирифтани ҳаракатҳои экстремистӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ зиёд шуда истодааст.

Мутахассисон зиёд ва муллоҳо камтар бошанд

Фаъолияти тахрибкорона ва душманонаи Муҳаммадиқболи Садриддин бар зидди Тоҷикистон идома дорад. Ин дафъа вай дар як матлаби ахиран дар сомонаи ифротии худ нашр кардааш кӯшиш кардааст, ки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудиро беасос туҳмат кунад ва дар назари хонандагон манфӣ нишон диҳад.

Афкори вопасгаро ва даъвои бузург (дар иртибот ба навиштаи Зафари Суфӣ “Тоҷикистони обод ва озод”)

Навиштаҳои Зафари Суфӣ, ки идаъо мекунад ва худро яке аз “мушкилкушоён”и  ҷомеаи тоҷик арзёбӣ мекунад, ба ҷуз аз чаранду ёвагӯӣ чизи дигаре нест. Ин нафар яке аз ҳампоягони  гуруҳҳои беҳувияту худбохтаест, ки ба осиёи бегонагон об мерезад ва чархаи онро гардиш медиҳад. Ин нафар аз ҳамон зумраест, ки ба хотири чанд фулуси бегонагон миллату давлати хешро таҳқир мекунанд ва ҳама арзишҳои миллиро пушти по задаанд.

Мушкилоти молиявӣ – асли қазияи бозмонди нашрияҳо

Дирӯз матлаби муассиси хабаргузорӣ ва ҳафтаномаи «Озодагон», рӯзноманигори шинохта Зафари Сӯфӣ таҳти унвони «Вақте ҳамаи роҳҳоро мебанданд… Нашрияи «Озодагон» аз чоп бозмонд» дар шабакаи интернетӣ интишор шуд. Зафари Сӯфиро ба унвони шоир, рӯзноманигор ва қаламбадасти хуб мешиносам ва эътироф мекунам.

Матлаби сомонаи “Озодӣ” иғвобарангезона аст

    Дар сомонаи «Озодӣ» мақолае бо унвони “1215 рӯз ҳабси Бузургмеҳр Ёров” нашр гардидааст, ки иғвоангезона мебошад. Дар аввали ин матлаб оварда шудааст, ки гӯё кадом созмони байналмилалие аз мақомоти Тољикистон қатъи таъқиби вакилони мудофеъ ва озод кардани Бузургмеҳр Ёровро талаб карда бошад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.