Activities calendar

17 январ 2019

ВОХУРИИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БО АҲОЛӢ

Санаи 15 январи соли 2019 вохурии фаъолони ноҳияи Кӯшониён тибқи нақша чорабинии раиси ноҳия «Оид ба баррасӣ намудани муҳтавои нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018» дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён баргузор гардид.

ТАҚДИМИ СОҲИБИ САРУ ЛИБОСИ ЗИМИСТОНА БА ЯТИМОНИ КУЛЛ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён бо иштироки Ҷобирзода Тоҳир Гул вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идигул Қосимзода раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д.Шукруллозода муовини раиси ноҳия ва дигар шуъбаю бахшҳои ноҳия ба беш аз 50 ятими кулл сару либоси зимистона тақдим карда шуд.

ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО СОКИНОН

Ба хотири бештар иттилоотонии мардум аз мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, дар Кохи фарҳанги ноҳияи Кушониён таҳти раёсати Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки А.Мирзозода сардори шуъбаи ВКД дар ноҳия, Дилафрӯз Шукруллозода муовини раиси ноҳия ва роҳбарони ташкилоту идораҳо, сокинону фаъолони ноҳия вохӯрии судманд доир гардид.

САДА-МУЖДАИ НАВРӮЗ

Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима мебошад. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, амсоли Наврӯз, Меҳргон ва Сада, дар таърихи тӯлонии хеш тарғибгари ахлоқу маънавиёти созанда ба шумор рафтанд. Хушбахтона, бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнҳои ниёгон аз нав эҳё гардида, ботантана ҷашн гирифта мешаванд. Ин ҷашнро ба он хотир ҷашни Сада меноманд, ки аз шумораи 100 гирифта шуда аст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.