Activities calendar

12 январ 2019

РУШДИ ДЕҲОТ - РУШДИ ТОҶИКИСТОН

  Дубора ба масоили таҳкими пояҳои инфрасохтории рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯй овардани Пешвои муаззами миллат ва эълон доштани солҳои 2019-2021 ба унвони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз таваҷҷуҳи хосса нисбат ба пешрафти соҳаҳои мавриди назар арзёбӣ мегардад.

ВОСЕЪ. ИМКОНОТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ЗИЁД АСТ

   Восеъ мулки куҳанест, ки бо таъриху фарҳанги бой ва мавзеъҳои ҷолибу диданӣ барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ имконияти васеъ дорад.

МАОРИФ. ТАКМИЛИ ИХТИСОС ТАКМИЛИ СОҲА АСТ

  Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар давраи имрӯзу оянда ба таври мукаммалу возеҳ муайян намуд. Дар ҳақиқат, Паёми имсола бо мазмуну мундариҷа ва муҳтавои хеш аз дигар паёмҳо фарқ мекунад. Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад.

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИСТ

  Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонда, обруву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Эмомалӣ РАҲМОН

ОБ, МО ВА ҶАҲОН

  Об манбаи ободӣ, сарсабзӣ, тозагӣ, истеҳсолот ва мояи аксари кашфиёту ихтирооти кимиёиву механикист. Яке аз хусусияташ рӯшноибахш будани он аст.

ПАЁМ – ДАСТУРИ СОЗАНДА

  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Якуми май” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир ба баррасии Паёми навбатии Пешвои миллат маҷлис баргузор гардид.

КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ СОЛИ 2018-РО БО МУВАФФАҚИЯТҲОИ НАЗАРРАС ҶАЪБАСТ НАМУД

  Рӯзи 11 январи соли равон маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Каримзода Саломуддин ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён баргузор гардид. Инчунин, дар кори макҷлис роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони ҳизбӣ ва фаъолон иштирок намуданд.

Мақоми афғон: "Беҳтар аст Эрон ба ҷои Толибон, садои мухолифони худро бишнавад"

Як мақоми ҳукумати Афғонистон аз изҳороти вазири умури хориҷии Эрон, ки хостори нақш доштани Толибон дар ҳукумати ояндаи ин кишвар шудааст, ба шиддат интиқод кард ва ба мақомоти Ҷумҳурии исломӣ тавсия кард, ки беҳтар аст садои мухолифони дохилии худро бишнавад.

Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ, муовини сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 10-уми январ дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ "мақомоти вазорати умури хориҷии Эрон муттаҳам сохт, ки "ин рӯзҳо дар нақши сухангӯи Толибон амал мекунанд."

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.