Activities calendar

05 December 2018

ИМРӮЗ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН

   Рӯзи 4 декабри соли равон бахшида ба таҷлили "Рӯзи байналмилалии волонтёрон" дар бинои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинии сардори Раёсат Абдуллозода Фариза кулли волонтёронро бо ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, ба якояки онҳо сипоснома ҳамчун рамзи қадрдонӣ супорида шуд.

МТМУ №62 - МУАССИСАИ БЕҲТАРИН ДАР ХАТЛОН

   Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат садҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд ва таҷдиду навсозӣ гаштанд. Қобили тазаккур аст, ки дар ин давра дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ теъдоди зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳозиразамон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

ФАРХОР БА ФАСЛИ САРМО ОМОДА АСТ

   Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҷиддӣ гирифта истодаанд. Дар ноҳияи Фархор баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, таҳти № 147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019» тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Даъвоҳои бе асос

Нашри  эъломияи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба сархатти хабарҳои пойгоҳи созмони «Анҷумани озодандешони Тоҷикистон» табдил ёфтааст. Масъалае, ки дар шинохти ин созмон зарурӣ ба назар мерасад, ин аст, ки намояндагони он, аслан аз ҳувияти миллӣ ба фарсахҳо дуранд ва масоилеро мадди назар қарор медиҳанд, ки ба марҷаи танги сиёсӣ ва мафкуравии худ мутааллиқ бошад. Дар ибтидои эъломия тазаккур ёфта аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст, ки зиндониёни сиёсиро озод намояд.

Хиёнати миллӣ (Қисса дар бораи митингбозиҳои наҳзатӣ) Хиёнаткори муосир дар таърих ТТЭ ҲНИ мебошад.

Сарчашмаи хиёнат ҳамин муллопарастии фардии миёнаоморист. Ҳадафи аслии баъзе қишрҳои ҷомеа аз он иборат мебошад, ки хами абрӯйи муллоро аз рифоҳу осоиштагии ҷомеа болотар донанд ва бо воситаи «қадам ба қадам» табақаи руҳониятро ба монанди ҷомеаҳои мазҳабзада барҷаста месозанд.

То риё варзаду солус, мусулмон нашавад

Раҳбарият ва аъзоёни ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки пайваста аз номи сокинони кишвар худро ҳамчун ҳаводорони ҷомеаи озоду демократӣ нишон медиҳанд, ҳарчанд маълум аст, ки аз ҳар чизи будаву набуда ҳангома сохтанӣ мешаванд. Ҳамаи ин танҳо ба хотири худро сафед кардан ва ҳақиқатро пинҳон доштан аст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.