Activities calendar

29 Ноябр 2018

«Сашкаҳо»- дардисарсози башарият

Аҷиб аст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои татбиқи манфиатҳои худ ва зери назорат нигоҳ доштани кишварҳои мусулмонӣ ҳамеша аз дин ва бовару эътиқодоти мардум суистифод намуда, мисли занбурӯғҳои пас аз борон мазҳабу равияҳои нав ба нав ба вуҷуд меоранд. Чунин бархурд боиси он гардидааст, ки ҳар кадоме аз ин мазҳабу равияҳо даъво пеш меоваранд, ки гӯё онҳо ҳақанд ва аз «Исломи ноб» ҳарф мезанананд. Яке аз чунин ҷараёнҳо Салафия ба ҳисоб меравад.

Гоша – савдогари қаллоб ва ҳамнафаси Кабирӣ

Гузоштани тахаллус ва ё кличка на танҳо дар адабиёти бадеӣ, балки дар зиндагии рӯзмарра ҳам маъмул аст. Бинобар ин, тавассути кличка ва ё тахаллус ошкор кардани ҳайсияти одамон осонтар аст. Аз ин ҷост, ки адибон, махсусан нависандагон дар асарҳои бадеӣ ва публитсистӣ аз ин ин навъи приёми эҷодӣ истифода мебаранд, то ки тору пуди персонажи онҳо ба хонандагон аён гардад.

Портрети Истаравшанӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ, шахсиятест, ки дар миёнаи ҷомеаи Тоҷикистон натавонист мавқеи худро пайдо кунад. Дар оғози  ҷанги шаҳрвандӣ бо ҳамроҳии чандеи дигар аз ҳамандешаҳову ҳамдеҳаҳояш дар майдоннишиниҳои солҳои 90-ум иштирок намуд. Онҳо аз зодгоҳи худ танҳо барои шиорпартоӣ ва равған рехтан ба ҷанги шаҳрвандӣ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Ақидаҳои Сайидюнус сабабгори густариши терроризманд

Роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ ба ғайр аз террористу экстремист будан боз чунон палиду нобакоранд, ки мислаш дар ҷаҳон нест. Зеро он амалҳои манфуру нангинеро, ки наҳзатиҳо зидди ватану миллати худ анҷом медиҳанд, дар ҷаҳон ягон гурўҳу ташкилоти ҳамсонашон ҳатто ба худ раво намебинанд.

Расонаи америкоӣ, ки ҲНИТ-ро ба террор маҳкум карда буд, ақидаашро тағйир надодааст

Рӯсиёҳии ҲНИ дар рад кардани иштироки аъзои ҷоноҷонаш Нахудов, ки бо номи Абусамадов низ машҳур аст дар террори сайёҳони хориҷӣ дар таърихи 29.07.2018с. такроран изҳор гашт. Бобоҷон Қаюмов ҷорчии кӯчабозори назди Балтика,  шахси беурзаву нанг, сафедро сиёҳ пиндошта, мардумро ба бероҳа бурда, мулкро хароб карданист.

Дасисабозиҳои фирории ҳарисниҳод

Раҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии  Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), Муҳиддин Кабирӣ хиёнаткориҳои аъзоёнашро дакр намуда, баҳри ҳимояи онҳо роҳҳои гуногунро пеша карда, бо ҷалби рӯҳониёни ифротӣ, наҳзатиёни фуруӯхташуда ва зери назари аҷнабиён нишсту вохӯроҳо мегузаронад, то ҳар гуна амалҳои зишти онҳо пушти парда монад.

Тадбирҳо баҳри такмили донишҳои мутахассисони соҳаи варзиш

  Рӯзи 28 ноябри соли равон бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар толори Раёсат семинари омӯзишӣ-дастурдиҳӣ дар мавзӯи «Пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ дар соҳаи варзиш» бо иштироки мутахассисони соҳаи варзиш аз Бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор карда шуд.

РОҒУН. РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

  Дар шароити имрӯзаи рушди кишвар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрӣ аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ ба шумор меравад, зеро барои давлатҳо дар вазъи кунунии ҷаҳон бисёр муҳим аст, ки омилҳои заминасози Истиқлолияти давлатии худро тақвият бахшанд ва имконоти мавҷудаи табиӣ ва инсониро барои рушди он васеъ истифода кунанд.

МУБОРАК БОД! «Miss International Ufa» бонуе аз Тоҷикистон гардид

  Дорандаи шоҳҷоиза ва тоҷи ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии зебоии қавмӣ ва маҳорат- «Miss International Ufa», ки даври хотимавии он 27 ноябр дар саҳнаи Конгресс-холл дар Уфа баргузор шуд, Раъно Умурзоқова аз Тоҷикистон гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон хабар медиҳад.

ВОСЕЪ. ИСТИФОДАИ ИНШООТҲОИ ТОЗАБУНЁД БО ҲУЗӮРИ САРВАЗИРИ КИШВАР ҚОҲИР РАСУЛЗОДА

  27-уми ноябр бо ҳузӯри Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Восеъ як қатор иншоотҳои тозабунёд, аз қабили корхонаи асфалбарорӣ ва бинои идораи замин мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

«ПАЙҒОМУ САЛОМ АЗ БОМИ ҶАҲОН!». Таҳти чунин унвон дар Бадахшон фестивали минтақавии сайёҳӣ баргузор мегардад

  Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз 29 ноябр то 2 декабри соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фестивали минтақавии сайёҳӣ таҳти унвони «Пайғому салом — аз Боми ҷаҳон!» баргузор мегардад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.