Activities calendar
26 Ноябр 2018
Ҳусейн Абдусамадов, ки ҳафтаи гузашта бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд, бар асоси нӯҳ моддаи Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор эътироф шуд.
Дар як навори видеоӣ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба ҳамлаи террористии тобистони имсол ва тарзи интихоби ҳадаф нақл кард.
"Настоящее Время” – телевизиони муштараки радиои "Озодӣ” ва "Садои Амрико” – бори аввал ба таври ошкор ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор кард. Дар гузориши "Настоящее Время” гуфта мешавад, ки "ҳамлагарон бо супориши кураторашон – узви фаъоли ҲНИТ Қорӣ Носир муддати зиёде гуруҳи бузурги сайёҳони велосипедсаворро дар саросари Тоҷикистон меҷустанд.”
Дирӯз 25-уми ноябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ҳузӯри ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ва муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода ҷамъомади навбатӣ оид ба ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳои минтақавӣ, ш
Рӯзи 23-ноябр бахшида ба таҷлили 26-умин солгарди Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» конфронси хонандагон таҳти унвони: «Парчамат парафшон бод Тоҷикистон!» баргузор гардид.
Рӯзи 24 ноябри соли ҷори дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ бо ҷилваи рангҳои сурху сафеду сабз баҳористони бехазони зиндагиро мемонд.
Субҳи 24 ноябри соли равон дар маркази ноҳияи Кӯшониён шаҳраки Исмоили Сомонӣ, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Оғози чорабинӣ бо баргузории ҳамоишӣ кормандони ташкилоту корхонаҳо ва сокинони ноҳия аз назди бинои шуъбаи маориф то Кохи фарҳангӣ ноҳия макони чорабинӣ шуда гузашт, ки дар он зиёда аз 15 ҳазор нафар иштирок намуданд.
Рӯзи 24 ноябри соли равон дар майдони И. Сомонӣ, маркази ноҳия ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ доир гардид.
Пас аз роҳпаймоии идона, ки бо ҳузури 5 ҳазор нафар ҷараён гирифт, бо иштироки фаъолон парда аз рӯи Нишони давлатӣ бардошта, Парчами баландиаш 25 метр (андозаи 6*3) барафрохта шуд.
Сокинони шаҳри Левакант Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ бо самимият ва эҳтироми бепоён ба Парчам ҳамчун нишонаи пойдорӣ ва иттиҳоди мардуми тоҷик ҷашн гирифтанд.
Дар шаҳри Бохтар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид, ки ҳар сол 24 ноябр ба ин санаи таърихӣ бахшида мешавад. Дар ин чорабинии сиёсӣ-оммавӣ масъулони давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шаҳрвандон иштирок доштанд.
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.