Activities calendar

23 Ноябр 2018

Парчам-ифтихори ватандории мост

   Рӯзи 23 ноябри соли равон тибқи нақша чорабиниҳои осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти ба номи «Авасто» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ - фарҳангӣ дар мавзӯи  «Парчам-ифтихори ватандории мост!» бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ, аъзои маҳфилҳои назди осорхона ва намояндагони ВАО баргузор гардид.

Раҳмон "Роғун"-ро бо номи Худо фаъол сохту бо танга имтиҳон кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" муназзам будани кори онро бо истифодаи танга санҷид.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри номи Худо тугмаи оғози кори агрегатро зер карда, бо танга дар даст назди чархаи фаъоли нерӯгоҳи “Роғун” омад. Ӯ тангаро болои чарха рост гузошт, то муназзам будани кори онро озмояд.

Тангаи ростмондаи раисиҷумҳур дар ҷояш истод ва ба самте ҳаракат накарду наҷунбид. Дар пайи ин Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ даст бардошту қарсак зад.

Ришваситонӣ як зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба ҳисоб меравад

   Бо мақсади пешгири аз амалҳои коорупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани Стратегияи муқовимат бо коррупия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 бо дастури раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам дар толори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят мизи мудаввар доир карда шуд.

Чавонон – пайравони Пешвои миллат

   Дар маркази вилояти Хатлон бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам ва намояндагии иҷроияи иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар Ҳамоиши Гирандагони Стипендияи Президентӣ таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он ҷавонони фаъол низ иштирок доштанд.

НОБ-И ТУРО БА ҶОВИДОН МЕСОЗЕМ

Вазифаи зиёии замона дар боби шоҳкориҳои санъатии роҳбару бинокорони барӯмандони имрӯзаи Меҳан, номбардорӣ ба иҷроиши корзори Роғун ва аҳди 8 сол пеш кардаи онҳост. Истеъдоди баланди гуруҳе аз забардастони НОБ-и Роғун шарафу истиқлолияти истеҳсоли барқи Тоҷикистонро ба марҳалаи нави саъодат расонид.

Ба ваҷд омадам: ситоиши сиёсатмадори узбакистонӣ аз ифтитоҳи "Роғун" ба Эмомалӣ Раҳмон

Ман аз баистифодадиҳии муваффақонаи ин иншооти азим ба ваҷд омадам. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад ва татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардумони тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти байналмилалӣ дорад, изҳор доштааст Исмоилов дар сӯҳбат бо раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси олии Узбакистон Нурдинҷон Исмоилов дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ситоиш кардааст.

Конференсияи илмӣ таҳти унвони “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон”

   Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи 22 ноябр дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии  Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон   конференсияи илмӣ таҳти унвони “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон”-ро баргузор намуд.

МАШВАРАТ БО ҲУЗӮРИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТ

  Дар Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, оиди ҷараёни маракаи «Обуна-2019» дар ташкилоту  муассисаҳои вилоятии минтақаи Кӯлоб, машварати корӣ баргузор гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.