Activities calendar
15 Ноябр 2018
Имрўз мардуми Тоҷикистон бо дилҳои лабрез аз фараҳу шоди ифтитоҳи НБО Роғунро ҷашн мегиранд. Ҳама хушҳоланду ҳамдигарро табрик мегуянд. Ба ин хурсандии мардуми мо намояндагони кишварҳои дигар ҳам шариканд ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳо ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Фирориёни террорист ва ифротии наҳзатӣ, ки имрўз дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, дар ҳамин шабу рўзе, ки мардуми тоҷик ба оғози кори чархаи аввалини НБО Роғун омодагӣ мебинанд ва ба як руҳияи ҷашнӣ онро истиқбол мегиранд, боз эҳсоси манфур ва зиддимимллии хешро нишон дода, ҳаводиси ҳафтаи қабл дар зиндони шаҳри Хуҷанд рухдодаро бо тарзи барои худашон манфиатнок шарҳ медиҳанду аз он суиистифода карданӣ мешаванд. Аз хабари расонаҳо пайдост, ки ин амалро гурўҳи ҷинояткорони хатарнок анҷом додаанд ва мақсадашон куштани маъмурони зиндон ва фирор аз он ҷо будааст.
Тавре ки ҳамаи мардуми Тоҷикистон огоҳанд, 16 ноябри соли равон чархаи аввали НБО «Роғун» ба кор медарояд. Орзуи деринаи мардуми кишварамон амалӣ мегардаду саҳифаи наве дар таърихи миллат боз мегардад.
Ҳар як фарди огоҳу бедор хуб медонад, ки душманону бадхоҳон ва хиёнаткорони миллати тоҷик дар ҳама давру замон муқобили манфиатҳои миллӣ баромада, ба хотири фоидаи шахсии худу хоҷагонашон оромию осудагии мардумро халалдор менамуданд ва монеаи пешрафти кишвар мешуданд. Барои онҳо миллату меҳан ҳеҷ арзише надорад ва ҳама вақт дар фикри душманӣ бо мардум ҳастанд. Ин бадбахтону бешарафон ба миллат ва меҳан танҳо ва танҳо наҳсию касофатӣ меоранд.
Гурӯҳу равияҳо тундгарову иғвоангез аксаран афроди авомфиребро гирди худ ҷамъ оварда, дар байни мардум бештар ба ҳамин кори ва тафриқаандоз машғуланд. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳамон амалҳои даҳшатбори аъзоёну пайрвони ТТЭ ҲНИ ва «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» дар арафаи ба истифода додани НБО-и Роғун мебошад, ки баъди заҳматҳои шабонурӯзии мардуми тоҷик ба даст омад.
Паргор, афзор ва олатест, ки барои кашидани доира (давра) ва чен кардани порчаҳо, кӯчондани андозаҳо ва тағйир додани миқёси ин андозаҳо ба кор бурда мешавад.
Паргор дар миёни мутафаккирони форс-точик ба маънии фалсафӣ, аз ҷумла истилоҳҳое чун «ҷахони гирдгардон», «чархи фалак», «даври гардун», «паргори фалак», «гарданда паргор» ва амсоли инҳо машҳур аст.
Яъне рамзи дар ҷараёни доимӣ будани ҷаҳон низ будааст, ки дар миёни мардум бисёр маъруф аст.
Ба ҷаҳониён маълум аст, ки Тоҷикистон санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ туй дорад, яъне кушодавии фаъолияти НОБ-и Роғун, ин рўзи таърихиро миллати тоҷику тоҷикистониён солҳои зиёд мунтазираш буданд, акнун ин рўзи фараҳбахш фаро мерасад ва номи миллати тоҷик ва сарвараш ҷоҳонӣ мешавад.
Бояд қайд намуд, ки Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў дар хориҷи мамлакат истода ба мурдуми тоҷик санг мезаданд, ки ҳеҷ гоҳ Роғун сохта намешавад. Аммо мардум дар фазои осоиштагӣ ба ин рўзи таърихӣ расиданд, онҳо шукронаи истиқлолият ва сарвари дурандеши давлат мекунанд.
Мардуми Тоҷикистон бесаброна воқеаи муҳими аср – ба кор даромадани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғунро интизоранд. Хурду бузург ба ин рӯзи бобаракат расиданро солиёни зиёд орзу мекарданд. Дар ин ҷашни фархундаи халқи тоҷик фардо меҳмонони олиқадр аз гӯшаву канори олам гирд омада, шодию сурури моро бо ҳам қисмат мекунанд. Коргару деҳқон ва зиёиёни тоҷик аз таҷрибаи рӯзгор ба хубӣ дарк намудаанд, ки воқеан ҳам неруи барқ дар кишвари обшори мо қувваи асосиест барои пойдорӣ ва зистан.
Барҳақ мегӯянд, ки душман ҷуз бадӣ намебинад, дӯст ҷуз гулистон. Табиати душман ҳамин аст, ки ҳамеша кӯшиш мекунад то дар манзараи шаффоф нуқсон ёбад, камбудӣ ҷӯяд, агар дарёфт карда натавонад, ҳатман ба тӯҳмат, бадгӯӣ ва чирккобӣ оғоз мекунад. Агар нафаре ё ҷамъияте ба бурдбориву муваффақият, бахтиёриву хушбахтӣ ва ҷаҳонишавию созандагӣ рӯё оварад ва дар ин роҳ комёб гардад, табиати нопоки душман бештар ҳамон вақт фаъол мегардад.
16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик саҳфаи наве зам мегардад. Саҳфаи пур аз ифтихор, саҳфаи ҷашну шодӣ. Саҳфаи ба маънии томаш Нурбахшу Нурбор.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор медарояд. Аввалин шуълаҳои ҷонбахшаш рӯзгори мардуми кишварро боз равшантар месозанд. Алорағми ҳама душманиҳо, монеасозиҳо, нобовариҳо ва шаку шубҳаҳо.
Имрӯз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар конференсияи илмӣ таҳти унвони «Квотаи президентӣ ва нақши он дар татбиқи сиёсати гендерӣ»-ро баргузор намуд.
Дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар татбиқи ормонҳои миллӣ» конференсияи вилоятӣ баргузор гардид.
Имрӯз дар толори конфронсии Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» дар асоси нақша чорабиниҳои оммавии Китобхонаи вилоятӣ оиди нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии Агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» намоиши васеи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «ПУРНУР ЭЙ ШАҲЧАРОҒИ, РАҲНАМОИ МИЛЛАТ» ба маърази тамошо
Кӯшониён. Бо мақсади дар сатҳи баландӣ сиёсию маънавӣ ҷашн гирифтани «Рӯзи Президент» рӯзи 13 ноябри соли равон, дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №14-и Ҷамоати деҳоти Заргар бо иштироки наврасону ҷавонони ҳудуди Ҷамоат Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва варзишгарон пайравони асили Пешвои миллат» баргузор гардид.
Ба ҳангомасозони «Ахборком»,
Зи моҳу ситора, зи Роғун салом.
Кунун чархи Роғун ба чархи фалак,
Ҳамовоз гардид, деҳ аз ин дарак.
Ба олам расонӣ агар ин хабар,
Ба ҳангомасозӣ шавӣ мўътабар.
Зи ҳарфи дурўғу зи алфози каҷ,
Бипарҳез ту, то нагарди фалаҷ.
Зи нуру зи Роғун башорат бидеҳ,
Ба зулматхабарҳо дигар дил манеҳ.
Бигў аз иноят ба гўши замон,
Ба тоҷик райъаш бувад мисли ҷон.
Тоҷикистон туй дорад,
Кабирӣ мотам дорад.
Ҳама аъзои ҲНИ,
Бо ӯ ҷангу ҷӯш дорад.
Ифтитоҳи Роғун аст интиҳои Кабирӣ,
З-ин пас ҳамеша эй кош Кабирӣ мотам гирӣ.
Роғун роҳи ободист,
Барои ҳама шодист.
Лек барои Кабирӣ,
Мотами беозодист.
Ифтитоҳи Роғун аст интиҳои Кабирӣ,
З-ин пас ҳамеша эй кош Кабирӣ мотам гирӣ.
Роғун кафили нур аст,
Чашми Кабири кур аст,
Барои ҳарзагӯӣ,
Кури Юнус маҷбур аст.
Ифтитоҳи Роғун аст интиҳои Кабирӣ,
З-ин пас ҳамеша эй кош Кабирӣ мотам гирӣ.
На самом деле теракт у объектов РВБ был предотвращен таджикскими силовиками.
По информации пресс-секретаря ГКНБ РТ в действительности имеет место факт о готовящемся теракте.
Со ссылкой на поступившую информацию, в частности, стало известно, что Первый заместитель ГКНБ РТ генерал-лейтенант Умаров М.Г. в рамках парламентского слушания в Маджлиси Оли заявил, «что следствие по делу террористов почти закончено и в скором времени дело будет передано в суд».
Чархаи аввали Иншооти аср НБО-и Роғун, инак, рўзи 16 ноябри соли 2018 ифтитоҳ меёбад ва тамоми сокинону шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин санаи таърихиро солҳо боз интизорӣ мекашиданд, бо хушҳолию тантана онро ҷашн хоҳанд кард.
Роғун адолат аст! Роғун асолат аст!
Роғун шаҳодати бахту саодат аст.
Ҳар куҷо аз боби Роғун ҳарфи бад ангоштед,
Қасди «бори каҷ ба сарманзил» расидан доштед.
Ин ҳақиқатро шумо афсона мепиндоштед,
Оқибат ҳосил зи тухми кошта бардоштед,
Даҳр бинад, парчами бахту саодат шуд баланд,
Обрўи давлати тоҷику миллат шуд баланд,
То фалак оҳанги маънии сиёсат шуд баланд,
Шохаи нахли пур аз бори ҳақиқат шуд баланд.
Сар ба зону мениҳед имрўз, ночор аз дигар,
Каф занед аз бахту иқболе, ки бошад чорагар.
То ба кай бар қалби поки Тоҷикистон нештар?
Следствие в отношении организаторов и участников бунта, произошедшего в колонии №3 г.Худжанд, где содержатся заключенные, отбывающие наказание за тяжкие и особо тяжкие преступления, за терроризм и экстремизм, продолжается. Однако, по полученным данным, уже известно, что главными зачинщиками, и, следовательно, виновниками гибели людей, в том числе охранников, являются члены ТЭО ПИВ, отбывавшие там наказание. В этом содействовали их единомышленники, пока находящиеся на свободе.
Саге аккос зад, оппозитсия дар ғурбат гуфт, ки фил парвоз кард. Булбулеро масъулони сомонаҳои оппозитсия зоғ пиндоштанд. Фарёди харро бо лаҳни мулоими асп омехта карданд.
Мардуми Тоҷикистон дар арафаи ҷашни таърихӣ ва тақдирсоз – ба кор даромадани иншооти бузурги аср - НБО Роғун қарор дорад.
Дар таърихи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як қаттор меҳмони хориҷӣ ифтитоҳи чархаи нахустини нерӯгоҳи барқиии обии «Роғун» сурат мегирад.
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор карда шуд.
Рӯзи 14 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супориданд.
Саҳм гузоштан дар бунёди иншооти муҳиму тақдирсоз Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Кохи нури Тоҷикистон” ва “ҳаёту мамоти мардуми тоҷик” номида буданд, барои ҳар як фарди дилогоҳ шараф аст.
Башарият ҳамеша қаҳрамонҳоеро тасаввур мекард ва дар хаёли худ месохт, ки бо фидокориҳои худ тавонанд онҳоро аз зулмот наҷот бахшида, роҳашонро ба сӯи оянда равшан созанд. Аз чунин андешаҳо шахсиятҳое тавлид ёфтанд, ки ба дили мардум равшаниву гармӣ бахшида, раҳнамову раҳкушои инсонҳо шуданд.
Баҳри иҷрои нақшаи суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тибби оилавӣ» бо аъзо ва тарафдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Рӯзи 12-ноябр дар толори пазирои ва хониши оммавию бачагонаи Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш.Шоҳин бахшида ба рӯзи муҳими таърихи 16-ноябр Рӯзи Президент, Иҷлосияи 16-уми тақдирсози миллат ва ба истифода додани агрегати 1-уми НБО Роғун намоишҳои кушоди китобию матбуоти ва маълумотдиҳию библиографи дар мавзӯҳои “Халқ раҳнамо дорад”, “Садоқат ба Президент Садоқат ба Ватан”, “Савганди Президент Савганди ману туст” “Бунёдгузори НБО Роғун”, “Роғун шаҳода
Боғчаи рақами 2-и шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ соли 1968 бунёд ёфта, то ҳамин моҳҳои наздики соли равон, рӯи таъмири асосиро надида буд. Бинои ба шакли зебо таъмиргардидаи боғчаро дида, аз аввалини ҳамсӯҳбати худ бо номи апаи Меҳрӣ, ки дар муассисаи мазкур ба сифати муррабӣ фаъолият мекунад, ташаббускори ин амали некро пурсон мешавам.
РИШЕНАК РАҚҚОСАЙ, рақси халқии рӯшонӣ мебошад. Ришенак рақкосай, рақси бешитоби хиромони дукасаи мардона буда, танҳо дар ноҳияи Рӯшон ва баъзе деҳаҳои Шуғнон иҷро мешавад. Дар нақши раққосон бахшида ба ҷашни НБО «Роғун»-Алим Шерзамонов ва Темур Варқӣ.
Дар доира-Шабнам Худойдодова, ҳамсари Стивчик Свердлов. Дар яккарақс Мавҷудахонум Соҳибназарова. Маст шав Бача, Аса. Резаш гир.
Резабофӣ, рақси занонаи точикӣ мебошад. Резабофӣ дар ноҳияи Истаравшан маъмул буда, бо нӯги пойҳои андак бардошта тез иҷро мешавад. Раққоса (дар иҷроиши рол кури Саидюнус) як дасташро дар сари сина дошта, дасти дигарашро ба як тараф дароз медорад.
Ба резабофӣ Мирзо Салимпур ва Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамчун меҳмонҳои олӣ ва обутоб ёфта, ҳамроҳ мешавад. Ин рақкоси моҳир китфҳояшро зуд-зуд боло мебардораду мефурорад, қисми болои пайкараашро меларзонад. Сипас ба замин нишаста, пойи росташро ба пеш дароз карда, зонуи пойи чапашро дар замин гузошта мерақсад. АСА...
Кабири террорист собрал вокруг себя, прихвостней лизоблюдов -Темура Варки, Юнуса слепого, никчемную, несчастную адвокат Файзиниссо, Нуриддина РМБА, Мирзои Солимпура и десяток других им подобных, а так же своих охундских хозяев из КСИР.
Ведь на самом деле каждый прогресс, достижение, успех таджикской нации для них это беда и траур. От неутомимой злости съедающая их из нутрии, они вымещают её на соцстраницах «Фейсбук», «Твитер», «Ютуб» и др. Чувствуют себя грязью из под ногтей, не нашедших себя, постоянно фантазируют. Для успокоения души сами создают, пишут и читают.
Роғунеро, ки шумо афсона мепиндоштед,
Аз гумони хеш тухми кинаро мекоштед,
Ҳар куҷо аз боби Роғун ҳарфи бад ангоштед,
Қасди «бори каҷ ба сарманзил» расидан доштед.
Бинед акнун, парчами бахту саодат шуд баланд,
Обрўи миллати тоҷику давлат шуд баланд,
То фалак оҳанги маънии сиёсат шуд баланд,
Нахли пурбору пурармони ҳақиқат шуд баланд.
Сар ба зонў, зонўи андеша монеду дигар,
Каф занед аз бахту иқболе, ки бошад чорагар.
То ба кай бар қалби поки Тоҷикистон нештар?
То ба кай фикри хиёнатпарварӣ бошад ба сар?
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.