Activities calendar

11 Ноябр 2018

Э.Комилов: Табли демократҳои гузаштаву тафсиргарони ғайбатҷӯ дар бораи ҳодисаи Хуҷанд

Ойниҳол Бобоназарова ва Шокирҷон Ҳакимов, ки ба иттилоотрасонии рақами 1-уми хабаргузориҳои иғовоангез «парстудей», «паём.нет» ва «ксаодат» табдил ёфтанд, дар ҳошияи балвои террористони ш.Хуҷанд, бо каҷравиҳои норавояшон, тафсирҳои хушоянд ба тақдири террористони доишӣ, нишон медиҳанд.

Сомонаи “Ахборком” аз марги одамон манфиат меҷӯяд

Сомонаи ифротии “Ахборком”, ки бо пахши маводҳои иғвобарангезонааш маълум аст, рӯзҳои охир ба мавзӯи ошуби маҳбусони зиндони Хуҷанд часпидааст ва мисли ин ки дар ин маврид бо наҳзатиҳо ҳаммаслаку ҳамақидааст. Зеро дар инъикоси ин ҳодиса айнан мисли террористони наҳзатӣ аз ҷинояткорон пуштибонӣ мекунад.

Темур Варқӣ ҷинояткоронро ҳимоя мекунад

Ифротгароӣ, палидӣ ва нобакории наҳзатиҳо то ба ҷойе расидааст, ки ҳатто аз бадбахтиҳо ва маргу мурдаи инсонҳо ҳам ба манфиати худ истифода мекунанд. Масалан, имрӯз роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ тамоми неруи аҳримании худро ба кор андохта, дар атрофи ошуби дар зиндони Хуҷанд ба амал омада афсонабофӣ мекунанду ба Ҳукумати кишвар туҳмат мезананд. Хусусан дар чунин мавридҳо қалами журналисти фурухташуда ва хизматгори наҳзатиҳо Темур Варқӣ тез мешаваду вай ба хотири дарёфти  қути лоямут бар зидди Тоҷикистон мақолаҳои душманона менависад.

Ҷинояткорони наҳзатӣ сиёсӣ нестанд

Расонаҳои наҳзатӣ дар мавриди бознигарии парвандаи иддае аз ҳаммаслакони ҷинояткорашон, ки даст ба ҷиноёти сангин зада, бо ҳукми додгоҳ ба зиндон кашидашудаанд, доду бедодро роҳандозӣ намуда, вобаста аз тавсияҳое, ки СММ дар бобати парвандаҳои мазкур пешниҳод намудааст, онҳоро ба ҳайси амри ногузир аз мақомот талаб доранд. Тайи се соли охир ҷинояткорони наҳзатии фирорӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, бо тамоми тавони хеш кўшиш доранд, то ҳаммаслакони худро аз адои ҳукми ҷазои барои аъмоли зиддимиллӣ ва зидиинсонии содирнамуда гирифтаашон озод кунанд.  

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.