Error message

  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_display has a deprecated constructor in include_once() (line 3478 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/includes/bootstrap.inc).
  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_many_to_one_helper has a deprecated constructor in require_once() (line 127 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/sites/all/modules/ctools/ctools.module).

Activities calendar

21 октябр 2018

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

Чанд рӯзе қабл тавассути хабаргузории сомонањои нањзатї  аз ҷониби муаллифи гумном Сиддиқи Акбар роҷеъ  ба як ҷузъиёти сафари давлатии Роњбари кишварамон ба Ҷопон маводи муғризона ва бадхоҳонае  интишор дода шуд.

Мусоҳибаи  Мавҷуда  Соҳибназарова бар зарари бадахшониҳост

Дар сомонаи интернетии ифротии “Кимиёи саодат”, ки дар хизмати охундҳо ва ТТЭ ҲНИ мебошад, мусоҳибае бо Мавҷуда Соҳибназарова дар мавзуи Бадахшони Тоҷикистон нашр шудааст. Албатта наҳзатиҳо душманона мехостанд, ки дар ВМКБ ягон нооромие ба вуқуъ пайвандад. Чундиданд, ки инхоҳишашон нашуд, ба амалҳои  иғвобарангезо надаст мезананд. Мусоҳибаи мазкур яке аз чунин амалҳои душманонаи наҳзатиҳост. Мавҷуда Соҳибназарова, ки худро журналист меҳисобад, дар асл бо амалаш нишон дод, ки як шахси тангназар ва манфиатҷуест.

Расми хуби тоҷиконро гум макун

            Яке аз суннатҳои бисёр бостонӣ ва ҳамзамон маъруфи мардуми тоҷик меҳмоннавозӣ ва арҷгузорӣ ба меҳмон аст. Фарҳанги меҳмоннавозӣ дар зеҳни мардуми тоҷик ҷойгоҳи хеле вижае дорад. Арҷгузорӣ  ба меҳмон дар байни мардуми мо ҳамчун яке аз нишонаҳои умда ва аслии ҷавонмардӣ ва инсонгароиву одамгарӣ маҳсуб мешавад. Фарҳанги меҳмоннавозӣ  ва  арҷгузорӣ ба меҳмон на фақат дар андешаву орои мардум, балки дар адабиёти мо низ мавриди таблиғу ташвиқ ва такриму тамҷид қарор гирифтааст.

Усули тарси наҳзатӣ дар матлаби навбатӣ

        Муроҷиатномаи Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар робита бо тавтеаю дасисаҳои ТТЭ ҲНИ ироа гардидааст, боиси сарусадоҳои расонаии ҳаводорони наҳзатӣ гардидааст. Дар ин замина сомонаи наҳзатӣ матлабе таҳти унвони «“Шўрои уламо” аз Худо тарсад!» интишор додааст. Наҳзатиёни мутаассиб аз ин усул – аз Худо тарсонидани мардум ҳамеша кор мегиранд. Ин усул ва равиши таърихии рўҳониёни мутаассибу ҷоҳил дар тўли таърих буда ва ҳаст. Мутаассифона, ин равиш, бо назардошти ҳузуру нуфузи хурофоту ҷаҳолат дар ҷомеа дар бисёр маворид корсоз ҳам буда ва ҳаст.

Масъалаи Бадахшон  ва ҳассосиятбахшиҳои сунъӣ

       Мусоҳибаи хизматгори наҳзатиҳо Алим Шерзамонов бо хабарнигори сомонаи ифротии «Тасним» дар робита бо масъалаи  Бадахшон  маротибаи дигар собит месозад, ки гурўҳҳои манфиатхоҳи берунӣ бо ҳар роҳу васила мехоҳанд вазъи Тоҷикистон, бахусус Бадахшон ноҷур гардад ва нақшаҳои ғаразноки онҳо тадриҷан пиёда шаванд. Бо ин ҳадаф Алим Шерзамонов, як тан аз ҳавохоҳони нооромиҳо дар Тоҷикистон ба истилоҳ, суҳбати ихтисосӣ анҷом додааст. Дар ин замина, чанд мулоҳизаи худро манзур месозам:

РАҲОЁБИИ БАДАХШОН АЗ ЧАТРИ ВОПАСГАРОИИ МАҲАЛЛӢ (Масири миллӣ дар амал)

Бо ҳукми тақдир ва зарурати шахсӣ, муаллифи ин сатрҳо, ки   марбути доираҳои хабарнигории ҷумҳурӣ мебошам, дар рӯзҳои таърихсози Бадахшон, санаи 12 то 16.10.2018с., ки ба таърихи авҷи мусодираи миқдори силоҳ ва таъмини волоияти қонун баробар омад,  шоҳиди дигаргуниҳои куллӣ дар зеҳни мардум ва дар низоми тартиботи ҷамъиятӣ гаштам. 

Суҳбати муғризонаи ифротӣ

Баъзе гурӯҳҳо ва шахсони тасодуфию манфиатхоҳе, ки на ҷамъият мешиносаду на касе, на бар ҷамъият заруранду на бар хасе бо расонаҳои хабарии хориҷии зери назари хадамоти махсуси кишварҳои маълум мусоҳибаву суҳбатҳо доир намуда, худро як намуд шонисониданӣ мешаванд, дар ҳоле касе намешиносад.

Аз ҷумлаи онҳо Алим Шерзамонов аст, ки худро муовини раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ё ба иборае думрави паймони миллӣ ҳисобида, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои иттилоотӣ вобаста ба барқарор кардани тартибот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) иддаои бемаврид мекунад.

Андешаи муғризонаи сомонаи ифротӣ

Фаъолияти ҳар васоити ахбори омма бояд ба манфиатҳои халқияту миллатҳои гуногун созгор бошад ва барои рушди ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварад. Намояндагони расонаҳои иттилоотӣ ашхоси боваринок, баобрӯ ва ҳақиқатнигор бошанд. Вале, мутаассифона, на ҳамаи манбаъҳои хабарӣ ба нафъи башарият ва халқу миллатҳо хизмат мекунанд. Сомонаи «Payom.net» бо мусоидат ва дастгирии бевоситаи кишварҳои хориҷаи маълум арзи ҳастӣ намуда, мақсади ноором гардонидани ҷомеа ва бо ин восита, расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худро ба бедор кардани ҳисси бадбинӣ миёни мардумон табдил додааст.

Амалҳои зишти ТТЭ ҲНИ

Бояд ба хуби дарк намоем, ки Ватани азизи мо ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун дар ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст ва ин боиси фахри шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вале мафҳуми дигаре боиси ин хушбахтӣ ва ташвиши тоҷикону ҷаҳониён гаштааст, терроризми байналмилалӣ ва таҳмили ақидаҳои ғайрианаъанавӣ, ки ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилоби ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳо дар байни омма, ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии ҷаҳон аст.

Истаравшанӣ ва тарҳи назари «ифтироқӣ ва иштирокӣ»

     Матлаби Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки зери домани охундҳои шиамазҳаб панаҳ бурда бо мардуму давлати Тоҷикистон душманӣ меварзад, таҳти унвони пурвоҳимаи «Парвандаи Ҳоҷӣ Умаралӣ ва Ҷамол: нуқоти ифтироқу иштирок»  дар пойгоҳи ифротии иттилоотиаш интишор ёфт. Сайидюнус дар ду банд қазияи марги рўзноманигори Саудӣ Ҷамол Хошуқчиро бо қатли раҳбари собиқи «Гурўҳи 24» Умаралӣ Қувват рўшан карда, ба қавли худаш дар қолаби «ифтироқу иштирок» (фарқият ва шабеҳият) мавриди «таҳлил» қарор додааст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.