Activities calendar

09 October 2018

СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

  Дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии муовини аввали раиси шаҳри Бохтар Умед Гуреззода Ситод оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд. Дар он намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шаҳрӣ ширкат намуданд.

Бар зидди Вируси норасоии масъунияти одам мубориза мебарем

  Рӯзи 8 октябр масъулини Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масъунияти одам дар Коллеҷи тиббии шаҳри Левакант бо омӯзгорон ва донишҷӯён вохӯрда, оид ба хатари ин беморӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар паҳлуи ин масъала суҳбат намуданд.

Бар зидди Вируси норасоии масъунияти одам мубориза мебарем

  Рӯзи 8 октябр масъулини Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масъунияти одам дар Коллеҷи тиббии шаҳри Левакант бо омӯзгорон ва донишҷӯён вохӯрда, оид ба хатари ин беморӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар паҳлуи ин масъала суҳбат намуданд.

Намоиши китоби бахшида ба «Рӯзи Фалак» таҳти унвони «Рози Фалак»

  Рӯзи 9 октябри соли ҷори дар толори хониши оммавии Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи Фалак» намоиши китобӣ, матбуотӣ ва маълумотӣ таҳти унвони «Рози Фалак» ташкил ва ба хонанда пешниҳод гардонида шуд.

УМРИ ДУБОРАИ ТАЪЛИМГОҲ

  Бинои  муассисаи таҳсилоти умумии рақами 2-и ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ, ибтидои солҳои ҳафтоди асри сипарӣ қомат афрохта буд.Тӯли ин солҳо болопӯшу дохили он фарсудаю корношоям гардида, вазъи ба миён омада ба ҷараёни таълиму тарбияи толибилмон таъсири манфӣ мерасонд. Мутаассифона бо гузашти  солҳои тӯлонӣ ва даву ғеҷи сарварони мактаб, имкони таъмири асосии бино  даст намедод.

АКСИЯ ҲИЗБӢ “ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!” ДАР АМАЛ

  Бешубҳа, ободию сарсабзӣ ва рушду шукуфоии кишвар самари неки даврони истиқлолият ва талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Имрӯз иморатҳои гуногуни зебою боҳашамат қомат афрохта истодаанд, ки ин дастовардҳои зиёду чашмраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишро дар идомаи 27 соли соҳибистиқлолӣ муваффақ шудем.

ЧАШМАИ ҚАЙНАР Ё ХУД КАЙНАҲР ОБОДУ ЗЕБО МЕГАРДАД

  Мавриди истифода қарор додани чашмаи Қайнар ё  худ Кайнаҳр, ки бузургтарин чашмаи кишвар аст, орзӯи сокинони ноҳияи Восеъ, ба хусус сарварони 40 соли охири он дониста мешавад. Ва ниҳоят бо шарофати эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тармиму таҷдиди атрофии чашма, бо ибтикор ва ташаббуси ватандӯстонаи аҳли хоҷагии деҳқонии «Файзи Сайид»-и ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  шурӯъ гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.