Activities calendar

02 October 2018

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! 

  Вахш. Рӯзи 1-уми октябри соли ҷори дар назди бинои Комиссарияти ҳарбии нохияи Вахш чорабинӣ бахшида ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

ТОҶИКИСТОН – САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРМАНДӢ

  Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Забон ифодагари ҳастии миллат

  Имрӯз дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рузӣ Забон дар толорҳои хониши оммавию бачагонаи Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин дар мавзӯҳои  «Забони мо ҷаҳони мо», «Забонро эҳтиром бояд кард», «Забони миллат ифтихори миллат», «Забон ифодагари ҳастии миллат» аз ҷониби шуъбаҳои намоиши китоб ва методӣ намоишҳои китобию матбуоти ба хонанда ташкил ва пешниҳод гардонида шуд.

Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳ

  Рӯзи 1-октябр дар шаҳри Левакант маросими гусели тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид. Дар рӯзи аввали чорабинӣ дар назди комиссариати ҳарбии шаҳр ҷавонони зиёд ҷамъ омада, омодагии худро барои адои қарзи фарзандии худ дар назди давлату миллат изҳор доштанд.

СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАМОМИ ҲУНАРМАНДОНИ МАМЛАКАТРО РӮҲБАЛАНД НАМУД

  Дар маҳаллаи “Роҳи оҳан” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби сокинон ва ҳунармандони маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

ФАРХОРУ ДАНҒАРА 50 ФИСАДИ НАҚШАИ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО ИҶРО НАМУДАНД

  Дар ноҳияҳои Фархору Данғара вобаста ба маълумоти фаврӣ рӯзе ба қадри аз 2 то 2,4 фоизи нақшаи дурнамои ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ менамоянд. Мебинем, ки ноҳияҳои мазкур то рӯзи 30-уми сентябр дар як зина қарор гирифта, нақшаи дурнамои хешро ба қадри  49-49, 7 фоизӣ  иҷро намудаанд. Аз 25015 тонна ҳосили то имрӯз ҷамъовардаи деҳқонони минтақаи Кӯлоб, 9468 тоннаи он мансуби деҳқонони фархорист.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.