Activities calendar

01 October 2018

Қадамҳои нахустини мардонагӣ

 Имрӯз дар боғӣ фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Бе мурраби зери гардун мутабар натвон шудан

  Имрӯз дар толори хониши оммавию бачагонаи Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола дар аввали моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад намоишҳои китоби  таҳти унвони «Бе мурраби зери гардун мутабар натвон шудан», «Нақши омӯзгор дар ҳаёти ман», «Муаллими аввалини ман» ташкил карда шуда ҳамаруза  бо хонандагон дар мавзӯҳои дар боло зикршуда суҳбатҳо ва қироати ашъор дар ситоиши омӯзгорон ташкилу баргузор карда шуд.

ҶАШНГИРИИ РӮЗИ МАВОЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР БОХТАРИ БОСТОН

 Дар назди муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёну хонандагон ва дигар бошандагони шаҳри Бохтар бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани рӯзи шахсияти бузургу барҷастаи адабиёти тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангии бошукӯҳ баргузор гардид.

КОНФЕРЕНСИЯ ДАР БОБИ РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР МИНТАҚИ КӮЛОБ

  Дар толори китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии сайёҳӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.Директори китобхона Саймуҳаммад Обидов иштирокчиёни коференсияро хайра мақдам гуфта, сухани нахустро ба мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Баҳриддин Азизов доданд.

Мушовараи навбатӣ Раёсати маориф баргузор гардид.

 Тибқи нақшаи кори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2018, ҳар моҳ бо иштироки мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, кормандони дастгоҳи сардори Раёсат, зерсохторҳо ва шахсони даъватшуда, ҷаласаи мушовараи Раёсат доир мегардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.