Activities calendar

25 сентябр 2018

ҶАВОНОН ИҚТИДОРИ ВОҚЕИИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА МАНСУБ МЕЁБАНД

  Мутобиқ ба нақшаи кории ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб бо хонандагони синҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 суҳбат бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо таҳти унвони “Садоқат ба Ватан мароми мост!” доир карда шуд.

Аксияи «Зан ва тозагӣ»

  Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи 22-сенятбри соли 2018 миёни занону духтарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  аксияи «Зан ва тозагӣ» бо ҷалби васеи занону духтарон ташкил карда шуда, теъдоди иштирокчиён 34647 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзӣ Мавлоно Ҷ.Балхӣ

 25-сентябри соли ҷори дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзӣ Мавлоно Ҷ.Балхӣ дар толори хониши оммави намоиши кушоди китоби, маълумотию матбуоти дар мавзӯи “ Мо барои васл кардан омадем” ташкил карда шуд.

Вохӯрии кормандони милитсия бо аҳли ҷамоатчигӣ дар ноҳияи Панҷ

  Ҳафтаи сипаришуда дар толори ШВКД дар ноҳияи Панҷ вохӯрии муовини аввали сардори РВКД-и вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи мазкур баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони маҳаллаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, занону ҷавонон ва собиқадорону фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

Марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018» ҷамъбаст гардид

  Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти марҳилаи якуми Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2018» ҷаласа баргузор гардид.

МУНОСИБАТИ ИНСОН БО ОБ БОЯД МУҚАДДАС БОШАД. Ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бахшида мешавад

 Мо дар Тоҷикистони биҳиштосо, дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки сарчашмаву саргаҳи обҳои зулоли ошомидании дунёст. Пиряхҳои бешумори кӯҳсорони мо манбаи бузурги обҳои поканд. 8 фоизи ҳудуди кишвари моро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки масоҳати умумиашон 11,146 ҳазор км2  буда, дар онҳо тақрибан 845 кмзахираҳои об маҳфузанд.

Сулаймон  Зиёзода:   Имкониятҳо  барои рушди кишоварзӣ зиёданд

 Имрӯз дар шаҳри Бохтар муовини аввали раиси вилояти Хатлон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо роҳбари Барномаи USAID «Рақобати Агробизнес дар Тоҷикистон»  Френк Обреин, муовини барномаи мазкур Нозим Нарзулозода ва директори ташкилоти Winrock International Дианн Мангрю   вохӯрд. Зиёзода С.Р дар  рафти суҳбат қайд кард, ки имкониятҳои Хатлон барои рушди кишоварзӣ васеъ буда дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода шудаанд  ва  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  мавқеи хосае  дорад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ вохӯри доир намуд

  20 сентябри соли ҷорӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Раиси вилояти Хатлон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ вохӯри  доир намуд. Зимни вохӯри раиси вилоят зикр намуд, ки вилояти Хатлон вилояти аграри ба ҳисоб рафта истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Айни ҳол дар самти тараққиёти иҷтимои-иқтисодии вилоят якчанд лоиҳаҳо фаъоланд.

ФАРХОРИҲО ДАР МАЪРАКИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА НАМУНАИ ИБРАТАНД

Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои сердаромаду асосии деҳқонони фархорӣ маҳсуб меёбад. Ба ҳамин хотир дар ноҳияи мазкур пайваста майдонҳои кишти пахтазор дар ҳоли афзоиш қарор дорад.Чунончӣ онҳо дар соли хоҷагии гузашта дар майдони 9161 гектар кишт гузаронида буданд ва акнун ин рақам  9600 гектаро ташкил мекунад. Ва мебинем, ки дар миёни 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоб, нишондоди мазкур аз ҳама беш аст ва дар баробари ин онҳо дар сафи пеши маъракаи ҳосилғундорӣ қарор доранд.

ШУЪЛАИ ДУРАХШОНИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ҲЕЧ ГОҲ ХОМӮШ НАХОҲАНД ГАШТ

 Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” (шаҳрӣ ва минтақавӣ) бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир гардид.

АВҶИ МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА

Дар навоҳии пахтакори минтақаи Кӯлоб маракаи ҷамъоварии ҳосили пахта суръату авҷи тоза мегирад. Вобаста ба маълумоти фаврӣ ноҳияҳои пахтакор то 20-уми сентябр дар ҳаҷми 16242 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин нишондод баробари 27 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил мекунад. Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосил пахтакорони ноҳияҳои Фархору Данғара ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ намунаи ибратанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.