Activities calendar

16 сентябр 2018

Хиёнаткорон ҳамеша шармандаи давру замонанд!

  ВОКУНИШ. Нисбати муноқишаи рӯзи дуюми нишасти Созмони Амнияти ва ҳамкории Аврупо дар Варшава миёни ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик гуфтани ҳастем, ки шахси хиёнаткор ба ватан ба ҳарҷо, ки қадами худро гузорад, алббата бо як дасисаю найранг коре мекунанд, ки як муноқиша ё ҷангу даъво ва ба оромии сиёсии мо норомиҳоро ворид гардонад.

Ватанамонро аз нохалафони беватани наҳзатӣ ҳифз менамоем!

 ВОКУНИШ. Таърих ба ҳама суолҳо ҷавоб дорад. Бо гузашти ду даҳсола аз итмоми ҷанги шаҳрвандӣ воқеияти он рӯзҳо аз забони шоҳидони зинда шунида мешавад, ки аз сӯи собиқ маъсулони ташкилоти терористӣ экстремистӣ ҳизби наҳзат боз ба сари мардуми тоҷик нооромиҳоро мехоҳанд ташкил кунанд. Пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари миллати тоҷик борони туҳматҳо мерезанд, баҳсу мунозираҳо карда, баромадҳои бемаврид ва бемазмун менамоянд.

Изҳороти ташкилоти ҷамъиятии фарҳангӣ - маърифатии ӯзбекзабонҳои вилояти Хатлон

  Дирӯз Нуриддин Ризои-узви фаъоли ташкилоти экстремистии “Гуруҳи 24” дар ҷаласаи САҲА суханронӣ намуда, бидуни асос ва далел дар бораи фишороварӣ ва зӯроварӣ ба ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла ба ӯзбекзабонҳо таваққуф намуд. Иддаоҳои Н. Ризои аз иғвою туҳмат беш набуда, ҳадафи ӯ танҳо як чиз аст: бадном ва беобрӯ намудани Тоҷикистон ва рахна андохтан ба дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.