Activities calendar

05 September 2018

ФАВРӢ!!!! МУРОҶИАТНОМАИ АЁМИДДИН САТТОРОВ БА САҲА!

Рӯзи 05.09.2018 дар шабакаи интернет навори видеоии Аёмиддин Сатторов, ки яке аз муассисони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ба Созмони ҳамкорӣ ва амният дар Аврупо нашр шудааст.

Дар муроҷиатномааш А.Сатторов аз ҷиноятҳо ва амалҳои террористии ҲНИ ёдовар шуда, САҲА-ро дар пешниҳод кардани минбар ба террористон гунаҳкор менамояд.

Тибқи иттилооти дастрасшуда, САҲА рӯзҳои 10 то 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар Лаҳистон ҷаласаи навбатии худро доир мекунад.

Аксияи иттилоотӣ бо усули «Хона ба хона»

  Клуби влонтёрони назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар давоми ҳафта дар ноҳияи Хуросон миёни аҳолии ноҳия аксияи иттилоотӣ гузаронида, оид ба пешгирии хатари терроризм ва СПИД мавод тақсим карда шуд. Зимнан, дар деҳаҳои наздик ба марказ бо усули «Деҳ ба деҳа» ва «Хона ба хона» гашта, аҳолиро аз падидаҳои номатлуби замон огоҳ карданд.

Китоб раҳнамову раҳкушои миллат аст

 Рӯзи 4 сентябр ҳамасола дар ҷумҳурӣ ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил карда мешавад. Зеро Пешвои муаззами миллат дар ин рӯз санги асоси Китобхонаи миллии Тоҷикистонро гузошта, ин рӯзро ҳамчун рӯзи китоб эълон намуданд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – соли таваҷҷуҳи самимии Роҳбари давлат ба ҳунармандон

 ДАНҒАРА. Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳия намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаи намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

 Барои кулли сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.