Activities calendar

02 September 2018

Рӯзи дониш бо суханронии Пешвои миллат

 Левакант. Рӯзи 1 сентябр дар синфхонаҳо ва толорҳои муассисаҳои таълимии шаҳр хонандагону омӯзгорон суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба соли нави таҳсил, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон баргузор гардид, тамошо карданд.

Кӯлоб. Ҳашари умумишаҳрӣ

 Бахшида ба таҷлили ҷашни 27-умин солгари Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр ба ҳашари умумишаҳрӣ баромаданд. Сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб ва кормандони ташкилоту муассисаҳо азм доранд, ки ҷиҳати татбики дастуру супоришхои Пешвои миллат ва вусъати корхои ободониву кабудизоркунӣ ба ҳашари дастаҷаъмона баромада, дар тозаю озода намудани кӯчаю маҳаллахо ва коргоҳу муассисаҳои худ ширкат намоянд.

ҲАШАРИ УМУМӢ БАХШИДА БА 27 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар шаҳри Бохтар бахшида ба 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумишаҳрии ду рӯза эълон гардид. Дар ҳашари мазкур кормандони ҳамаи ташкилоту муассиса, корхона ва сокинони шаҳр фаъолона иштирок карданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.