Activities calendar

28 Август 2018

ҲАМАДОНӢ: ПОЯИ МОДДӢ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ РӮ БА БЕҲБУДИСТ

 Ҷиҳати мустаҳкамсозии пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  чораю тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Айни ҳол сохтмони бинои муассисаи таълимии рақами 43-и деҳаи Ҳуснободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 30-и деҳаи Меҳвари ҷамоати деҳоти Чубек ва 6 синфхонаи иловагӣ дар назди бинои гимназияи давлатӣ идома дорад.

КӮЛОБ: ТАДБИРҲО БАҲРИ ҲИФЗИ ҶАНГАЛ

 Дар муозинаи хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб 237091  гектар замини фонди давлатӣ мавҷуд мебошад, ки баҳри ҳифзу сарсабз нигаҳдории он 323 нафар  коргарон вобаста карда шудааст. Дар давоми соли сипарӣ ва ҷорӣ дар майдони 875 гектар ҷангалҳои нав бунёд гардида, 350 гектар ҷангалҳои кӯҳна аз нав барқарор карда шуданд.Ҷангалҳои бунёдгардидаро дарахтони чормағз, писта, бодом, хуч, анор, шулаш ва акатсия ташкил менамояд, ки айни замон нашъунамои хуб доранд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.