Activities calendar

26 Август 2018

ҶАЛАСАИ АССОТСИАТСИЯИ АКУШЕР-ГИНЕКОЛОГҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДОИР ГАРДИД

 Дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникӣ ба номи Б.Воҳидов Асосиатсияи акушер-гинекологҳои вилояти Хатлон доир гардид, ки дар кори он дар мавзӯи: Ҳолатҳои табобат ва наздикгири тартиби табобати хангоми норасои плацентари дар занҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилоятӣ Хатлон акушер-гинекологхо, директорони марказҳои саломати деҳотӣ ва мудирони шӯъбаҳои таваллудӣ иштирок намуда, баромадҳои судманд намуданд.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст”

  Рӯзи 25 августи  соли 2018 дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, машқҳои пагоҳирӯзӣ дар назди 28 майдонҳо, гулгашту хиёбонҳои 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят бо давомнокии аз 20 то 30 дақиқа баргузор карда шуданд.

ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

  Раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, субҳи шанбе дар маҷлисгоҳи қисми низомии мустақар дар шаҳраки Ҳулбук, шаҳрвандони арзу ниёз доштаи ноҳияи Восеъро ба ҳузӯр пазируфт. Раиси вилоят қабл аз қабули шаҳрвандон, онҳоро аз тартибу низоми кори қабул, ёдрас шуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.