Activities calendar

24 Август 2018

Эрон ҳеҷ вақт ором намешинад

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи камтарин кишварҳои наздик будааст, ки пайваста ба сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат кардааст. Аз қабл ҳам ин дахолатҳо, бахусус дар масоили марбут ба сиёсату мазҳаб бармало будаанд, аммо ахиран бархе ҳаводисе дар Тоҷикистон рӯй доданд, ки тафтишот дар онҳо маҳз “дасти эронӣ”-ро фош кард.

Аксия бо усули «Хона ба хона» дар шаҳри Левакант

  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо ҷалби волонтёрони дар назди раёсатбуда тӯли 3 рӯз аст, ки дар шаҳри Левакант бо усули хона ба хона ва деҳа ба деҳа бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмонидани хатари терроризм ва пешгирӣ намудани ин омили номатлуб ва бемории СПИД, ки имрӯз шуморае аз ҷавонон гирифтори ин вабои аср гардидаанд, аксия гузаронида истодааст. Дар аксияи мазкур беш аз 500 адад маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Кӯшониён. Аксия бо усули "Хона ба хона"

   Клуби волонтёрони назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон тибқи Нақша – чорабиниҳои Раёсат тӯли 3 рӯз аст, ки дар ноҳияи Кӯшониён миёни аҳолӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва гирифтории онҳо ба бемории хатарноки СПИД корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида истодаанд.

1 СИМ-КОРТ 250 СОМОНӢ

  Аз 1.09.2018 нархи фурӯши 1 сим-корти телефонҳои мобилӣ дар Ҷумҳурии

Озмуни ҷумҳуриявии бонуи соҳибкори сол «Фараҳ-2018» ҷамъбаст гардид

 Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттило медиҳад, ки рӯзи 23 августи соли 2018 озмуни ҷумҳуриявии бонуи соҳибкори сол «Фараҳ-2018» баргузор гардид, ки 16 нафар аз соҳибкорзанони вилояти Хатлон ба даври нимфиналии ин озмун роҳ ёфта буданд, ки инҳо Назирова Раъно, Раҷабова Инобат, Бурҳонова Шаҳло, Раҷабалиева Файзигул, Умедаи Маҳкамзода, Зулайхо Тиллоева, Раҷабгул Сафармуратова ва дигарон мебошанд.

Машварати августии омӯзгорони ноҳияи Ҳамадонӣ баргузор гардид

 Рӯзи 22 августи соли равон дар толори МТМУ №14 машварати августии муаллимони ноҳия баргузор гардид

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ сохтмони иншооти замонавӣ ҷараён дорад

 Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ амалҳои бунёдкоронаю созандагӣ бомаром ҷараён дошта, тамоми сокинони ноҳия дар ин бобат саҳми худро мегузоранд.

Машварати августии омӯзгорон  дар шаҳри Кӯлоб

 Машварати августии омӯзгорон  дар муассисаи таълимии №4-и шаҳри Кӯлоб ба тантанаи ҳақиқӣ мубаддал гашт.  Роҳбарияти шаҳр ва меҳмонон  нахуст аз намоиши дастовардҳои омӯзгорону  хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб  дидан намуданд. Муовини соҳавии раиси шаҳри Кӯлоб, сардори  Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба дастовардҳои соҳаи мариф дар соли таҳсили 2017 -2018 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2018-2019»  суханронӣ намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.