Activities calendar

20 Август 2018

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллат дар арсаи ҷаҳон мебошанд

 Ш.Шоҳин. Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба эҳё ва ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзию гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошию бофандагӣ ва заргарӣ, такони ҷиддӣ бахшид.

Ҳамадонӣ. Мардум ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ шавқи баланд дорад

 Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар маҳаллаи Пушкини деҳоти Қаҳрамон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки фаъолонаи аъзои ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи «Пушкин» чорабинии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Мизи мудаввар оид ба оғози лоиҳаи нав

 Дар тарабхонаи «Роҳи абрешим»-и шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар оид ба оғозёбии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» бо иштироки муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ Марҳабо, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҳимзода Раъно , намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, намояндагони хадамот

БОХТАР. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАБИБОН

 Дар Кохи Ватани шаҳри Бохтар ба ифтихори «Рӯзи табибон» чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Қабл аз оғози чорабинии тантанавӣ намоиши маҳсулоти соҳаи тиб, гиёҳҳои шифобахш, лавозимоти тиббӣ ба намоиш гузошта шуд. Иштирокдорон аз ин намоиш дидан кардан ва масъулони намоиш бобати манфиат ва шифобахшии маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда маълумот доданд.

Намоишнома  ба ифтихори 140-солгаии Карим Девона

 Сол ба сол фаъолияти театри вилоятии  мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов-и шаҳри Бохтар-  беҳтару хубтар гардида, ҳунармандонаш  бо офаридани намоишномаҳои ҷолиб ва хусусияти тарбиявию ватандустона доштан мавқеи меҳвариашон-ро кайҳо миёни театрҳои ҷумҳурӣ ва хориҷ  пайдо кардаанд.

Семинар машварати муфид баҳри китобдорон

 Аз ҷониби масъулини китобхонаи омавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин дар ҳамбастагӣ бо шахсони масъули китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳритуз дар ҷамоати деҳоти Худойназар Холматов-и ноҳияи мазкур семинар-машварати муфид  оид ба оммавӣ  гардонидани хониш миёни наврасону ҷавонон, пуррагардонии  хазинаи китобхонаҳо, зиракиву ҳушёрии фарҳангӣ ва  дастрас  намудани китоб ба хонандагон миёни китобдорону сокинони ҷамоату деҳоти ноҳия гузаронида шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.