Activities calendar

06 Август 2018

Гуруҳои корӣ аз ҳисоби фаъолзанони ноҳияи Панҷ

  Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси нақшаи вохӯриҳо аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон 18 июни соли 2018 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ноҳияи Панҷ гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони Раёсат ва фаъолзанони ноҳия таъсис дода, дар ҷамоатҳои деҳоти Сайфиддин Кабуд, Нури Ваҳдат, Меҳнат ва меҳровар суҳбату вохуриҳоро анҷом доданд.

Туҳфаи фарҳангчиёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба китобхонаи вилоят

 Рӯзи 6 август соли 2018 ба китобхона Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Директори театри вилоятии ба номи А. Муҳаммадҷонов-и шаҳри Бохтар Аловуддин Абдуллоев ташриф оварда ба хазинаи китобии нусхаҳои ҳатмии муассиса китоби «Эпиграфии меъмори ва санъати бинокори дар шаҳри Тошкент» –и Ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсоя Узбекистон-ро, ки бо забонҳои узбеки, русси ва англиси бо сифати баланд руи чоп омадаст туҳфа намуд.

Корҳои сохтмону васлкорӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ беҳтар мегардад

 Корҳои сохтмону васлкорӣ ба маблағи 23 миллиону 925,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 18 миллиону 244,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин дар ин давра ба андозаи 2 миллиону 745,0 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ва 4231 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд.

ПУШАЙМОНИ СУД НАДОРАД – намоиши филми «Решаҳои ноаён»

  Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳри Бохтар навори «Решаҳои ноаён» манзури тамошобинон гардонда шуд. Шумораи зиёди ҷавонон аз маҳаллаҳои шаҳр наворро тамошо карда, аз нақшаҳои фитнаангези ҳизби террористӣ- экстремистии наҳзати исломии Тоҷикистон воқиф гардиданд. Яке аз симоҳои шинохтаи ин ҳизб Сайид Қиёмиддини Ғозӣ баъди боздошт гӯё аз карда пушаймон шудааст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.