Activities calendar

25 Июл 2018

Иқдоми соҳибкорони ватани бахшида ба 30- солагии ҷашни Истиқлолият

 Кӯлоб. Корҳои созандагию ободонӣ бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ ва марказҳои хизматрасонӣ инчунин таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ ба хотири сазовар таҷлил намудани ҷашни бузурги миллат 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб оғоз гардид.

Майдончаи варзишӣ дар Шамсиддин Шоҳин

 Рӯзи 21.07.2018 Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, ғамхорӣ ба насли ҷавон аз тарафи соҳибкори ватани Зарифов Мирмад дар деҳаи Шӯроободи Ҷамоати деҳоти Шӯрообод майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дастаи футболи "Сарҳадчӣ"-и ноҳияи Ҳамадонӣ бозиро мусовӣ кард

 Дастаи “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Ҳамадонӣ дар даври навбатии мавсими имсолаи чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи дуюм оид ба футбол дар варзишгоҳи “Сарҳадчӣ” дастаи “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро қабул намуд. Бозӣ ба ҳисоби 2:2 мусовӣ шуд.

Вахш. Мулоқоти судманд

  Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш вохӯрии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, мудирони бахши кор бо ҷавонону занон ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.