Error message

  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_display has a deprecated constructor in include_once() (line 3478 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/includes/bootstrap.inc).
  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_many_to_one_helper has a deprecated constructor in require_once() (line 127 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/sites/all/modules/ctools/ctools.module).

Activities calendar

23 Июл 2018

Озмуни "Бонуи Ҳунарманд" дар Хатлон

  Бахшида ба эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни  «Бонуи Ҳунарманд» дар  шаҳрҳои Левакант, Бохтар, ноҳияҳои  Кӯшониён, Вахш, Хуросон, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Дусти, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Н. Хусрав, Ёвон, Норак, Данғара, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Балҷувон  баргузор гардида,  дар давоми ҳафта дар ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Ш. Шоҳин, Кӯлоб ва Темурмалик баргузор гардид.

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

 Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба истиқболи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон ва дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо байни деҳаҳои ҳудуди ноҳия мусобиқаи футбол баргузор карда шуд. Дар ин мусобиқа наздики 20 даста дар чор гуруҳ бо ҳам сабқат намуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Омодагӣ ба 30 –солагии Истиқлолият: НАЗОРАТИ ГУРӮҲИ КОРӢ

 Гурӯҳи корӣ бахшида ба омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, муовини раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим ва дигар аъзоёни гурӯҳ аз иншоотҳои омодашаванда бахшида ба 30 –солагии истиқлолият дидан карданд.

ДАР МИНТАҚИ КӮЛОБ ҚАРЗҲОИ ҲАҚҚИ ОБ ДАР ҲОЛИ БОЛОРАВИСТ

 Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб дар давоми шаш моҳи соли равон, ба истифодабарандагони оби полезии 62191 гектар замин шартнома ба имзо расонидааст, ки ин нишондод баробари 100 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил мекунад. Айни ҳол ба истифодабарандагони об ба миқдори 3069148 сомонӣ хизмат расонида шудааст.

ҚАНОАТМАНДӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ «ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ КӮЛОБ»

 Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб», бо иштироки васеи хабарнигорони минтақа, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.Дар нишаст директории генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб» Алӣ  Комилов арз намуд, ки кормандони фурудгоҳ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба 32465 нафар мусофирон хизмат расонидаанд.

АРЗУ ДАРХОСТИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ШАМСИДДДИН ШОҲИН БА РАИСИ ВИЛОЯТ

 Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипарӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода,  дар доираи рӯзҳои қабули сайёри шаҳрвандон, ба ноҳияи баландкӯҳи  Шамсиддин Шоҳин омада, дар толори мактаби тозасохти рақами 1 гурӯҳи шаҳрвандони арзу дархостдоштаи  онро ба ҳузӯр пазируфт.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.