Activities calendar

16 Июл 2018

ШАНБЕГӢ БА ИСТИҚБОЛИ 30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Рӯзи шанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ташкилоту муассисаҳо шанбегии умумӣ баргузор гардид.

ОЗМУН ТАҲТИ УНВОНИ «ҲАМНИШИНЕ  БЕҲТАР АЗ КИТОБ МАХОҲ»

  Дар Китобхонаи вилоятии ба номи Айнии шаҳри Кӯлоб дар доираи тадбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2016-2020» ва бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу рағбат ба кори эҷодӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию зебоипарастӣ  даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии  «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор гардид.

Чорабини бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

 Бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабиниҳо дар ноҳияи Муъминобод дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи муовини соҳавӣ аз тарафи намояндагони Бахши кор бо занон ва оила, ҲХДТ дар ноҳия дар кӯчаҳои ба номи Темуршоҳ Раҳим, Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо иштироки 520 нафар таҳти унвони «Ҳунарҳои беҳтарин», дар ноҳияи Фархор дар маҳаллаҳои 2, 3, 4-и Ҷамоати шаҳраки Фархор бо иштироки 480 нафар, дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаҳои ба номи Олиямоҳ Ҳайдарова в

Вохӯриҳои мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои зерин бо аҳли ҷамоатчигӣ

  Дар ноҳияи Хуросон деҳаи Меҳнати Ҷамоати деҳоти «Ѓаллаобод» бо 100 оила, ноҳияи Ёвон дар деҳаҳои Навобод, Шота Руставилӣ, Фирдавсӣ, Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти «Ситораи Сурх» бо 130 оила, ноҳияи Панҷ бо 35 оилаи Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат, ноҳияи Дӯстӣ кӯчаҳои ба номи Рӯдакӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ҳофиз Шерозии Ҷамоати деҳоти «Ҷиликӯл» бо 280 нафар, деҳаҳои Гулистон ва Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти ба номи «Гарди Гулмуродов» бо 130 нафар, ноҳияи Шаҳритуз деҳаҳои Ваҳдат, Султонобод, Пахтаобод

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.