Activities calendar

14 Июн 2018

Семинар-машварати оташнишонон дар вилояти Хатлон

  Бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои ғалладона ва хӯроки дурушти чорво дар мавзеи Олимтои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон семинар-машварат доир гардид.
Дар чорабинии мазкур сардорону муовинони Раёсату қисмҳои хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон, роҳбарону масъулони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва деҳқонони инфиродиву механизаторон иштирок намуданд.

Раванди сохтмони корхонаву коргоҳҳои парандапарварӣ

 Дар ноҳия баҳри амалӣ намудани яке аз нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар дар самти бунёд ва барқарор намудани корхонаву коргоҳҳои парандапарварӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

ХУН СУПОР ВА ҲАЁТИ ИНСОНЕРО НАҶОТ ДЕҲ! Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун таҷлил мешавад

  Ҳамасола 14 июн Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун таҷлил карда мешавад. (Донор калимаи юнонӣ буда, маънояш туҳфа ё инъом аст). Ин рӯз ба муносибати зодрӯзи ҷарроҳи австриягӣ Карл Ландштейнер — барандаи мукофоти нобелӣ интихоб шудааст, ки аввалин маротиба гурӯҳи хунро муайян намудааст.

Вахш. Амали нек

  Раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло дар арафаи иди шарифи Рамазон ду нафар

Курси омӯзишии “Духтарони сарвар ҷамъбаст гардид

 Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон  аз 16 майи соли 2017, № 106 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022» ва «Нақшаи перспективии ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанд

МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛА СУРЪАТИ ДУЧАНД МЕГИРАД

  Имсол ғаллакорони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб  дар ҳаҷми 84390 гектар ғалла корида, азм доранд, ки  ба ҷараёни  ҷамъоварии ҳосил суръати тоза бахшанд ва маҳсули ранҷи хешро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.Барои саривақт даравиданӣ ғалла 269 комбайн дар хати омодабош қарор гирифтааст, ки алҳол қисмати зиёди онҳо машғули ҷамъоварии ҳосиланд.Ғалллазорҳои аз ҳама беши минтақа мутааллиқи ноҳияҳои Данғараву Фархор ва ноҳияи Восеъ аст.Чунончӣ майдони ғаллазори ноҳияи Данғара 18184 гектар, Восеъ 11622

ТЕРРОРИЗМ- ВАБОИ АСР

  Дар идораи  шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб бо ташаббуси фаъолони он дар хусуси “Терроризм ҳамчун вабои аср” мулоқот баргузор гардид.  Дар мулоқот зикр гардид, ки имрӯз терроризм ва экстремизм хусусияти ҷаҳонӣ пайдо карда, боиси нигаронии аҳли башар шудааст.Ҳамарӯза амалиётҳои гуногуни онҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва садҳо таркишҳову ҳазорон  курбониҳои он,  далели ҳамин омили зишт аст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.