Activities calendar

04 Июн 2018

ОМОДАГИҲО ДАР СУРАТИ ПЕШ ОМАДАНИ ҲОДИСАҲОИ  ҒАРҚШАВӢ

 Дар ноҳияҳои Восеъ ва Шамсиддин Шоҳин, бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақа, тавассути шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи  Кӯлоб ва зерсохторҳои он дар ноҳияҳои мазкур, машқу тамринҳо гузарониданд.

ДАР НОҲИЯҲОИ ҲАМАДОНИЮ ФАРХОР ДАРАВИ ҒАЛЛА ОҒОЗ ЁФТ

 Ғаллакорони ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор ба ҷамъоварии ғалла, ба хусус гандум оғоз намуданд. Деҳқонони ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дар майдони 5237 гектар гандум кишт намудаанд, алҳол 268 гектари онро даравида, майдонҳои аз ғалла озодшударо ба кишти такрорӣ омода менамоянд.

ИСТЕҲСОЛИ МЕВА РӮ ДАР АФЗОИШ АСТ

 Боғпарварони  навоҳии минтақаи Кӯлоб азм доранд, ки дар соли хоҷагии ҷорӣ  аз боғоти хеш  43565 тонна мева истеҳсол карда, ба ин васила дастархони мардумро бо маҳсулоти ғизоӣ ғанӣ гардонанд.Алҳол дар ин самт боғпарварони ноҳияи Данғара пешсафанд.Меваи то имрӯз ба бозор баровардаи онҳо, ки аслан аз гелосу зардолӯ иборат аст, беш аз 500 тоннаро ташкил менамояд.Боғпарварони данғарагӣ нақша доранд, ки дар давоми соли равон ба қадри  13594 тонна мева истеҳсол намоянд.Ин рақам анқариб 30 фо

ОҒОЗИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН ТАВАССУТИ  КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ

 Дар  бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, тавассути квотаи президентӣ, оғоз гардид.Чорабинии мазкур, ки рӯзи 29-уми май шурӯъ ёфта буд, дар назар аст то 4-уми июн идома меёбад.Мувофиқи нақша довталабони макотиби 11 шаҳру ноҳияҳои минтақа дар он иштирок хоҳан кард ва баҳри ноил шудан ба  квота талош меварзанд.Қабули довталабон дар шакли тестӣ буда, масъулон сайъ доранд, ки ҷараёни чорабинии мазкур дар доираи низомномаву

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.