Activities calendar

25 Май 2018

Мизи мудавар дар мавзӯи «Аниси кунҷи танҳои китоб аст»

 Cанаи 25 май дар толори оммавии муассисаи давлатии китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш. Шоҳин дар якҷояги бо раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар доираи як моҳаи ҷавони мизи мудавар дар мавзӯи «Аниси кунҷи танҳои китоб аст» баргузор гардид.

ФАРҲАНГИЁНУ ҲАМДЕҲАГОН АЗ РӮЗНОМАНИГОР ҚУВВАТАЛӢ ХОЛОВ ЁД НАМУДАНД

Дар Қасри тозатаъмири деҳаи Ҳакимободи ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб ба ифтихори зодрӯзи рӯзноманигори шинохтаи кишвар, шодравон Қувваталӣ Холов, бо иштироки фарҳангиёни шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷамъомад баргузор гардид. Хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии рақами 12, ки Қувваталӣ Холов ҳангоми  дар қайди ҳаёт будан  онро таъмиру дастгирӣ менамуд,  аз эҷодиёти мавсуф порчаҳо қироат карда, ҳамдеҳагону фарҳангиён аз лаҳзаҳои умри ӯ ёдовар шуданд.

СУРЪАТИ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА МЕАФЗОЯД

 Имсол картошкапарварони навоҳии минтақаи Кӯлоб дар майдони 3140 гектар кишти картошка гузаронида, акнун ба ҷамъоварии он оғоз намуданд.Нахуст шуда картошкапарварони  ноҳияи Фархор ба маъракаи ҷамъоварии ҳосил шурӯъ карда, маҳсули ранҷи хешро пешкаши  муштариён сохтанд.Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Муъминобод аз ҳама беш, яъне дар майдони 1000 гектар картошка кориданд, ки ин нишондод дар нисбати соли хоҷагии гузашта то андозае зиёд аст.

ВОХӮРӢ ДАР  МАВЗӮИ  РИШВАСИТОНӢ

 Дар Донишкадаи  технологии  шаҳри Кӯлоб, бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Технолог”-и он,  бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ сари мавзӯи амалҳои ришваситонӣ, вохӯрӣ баргузор гардид.

 Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода ва  директори ДТМИК  Акбар Ниёзӣ  сари мавзӯи мазкур андешаронӣ намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.