Activities calendar

16 Май 2018

Мубориза бо малах вусъат меёбад

  Майдони умумии паҳнгаштаи малах дар вилояти Хатлон 59735 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, гуфтанд, ки мутахассисони соҳо барои мубориза бар зидди малах аз ҳама имконияти лозима самарабахш истифода бурда, майдонҳоро аз ҳашароти зараррасон тоза карда истодаанд.

Пирӯзии «Хатлон» Бар «Регар-Тадаз»

 Дар даври ҳаштуми лигаи олии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ қаҳрамони ҳафткаратаи кишвар «Регар Тадаз»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

«Корвони саломатӣ» зиёда аз 4230 нафар сокинони шаҳри Бохтарро аз хизматрасонии ройгони тиббӣ баҳравард сохт

 Санаи 12 майи соли равон ҷиҳати таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва пешгирии эшон аз гирифторшавӣ ба маризиву бемориҳои мухталиф «Корвони саломатӣ»-и навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафарбар гардид.

Муқовимати устувор ба таҳдидҳо- омили таҳкими амният

(дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар 12 майи соли 2018)

Нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисодии кишвар Конфронси ҷумҳуриявӣ дар Хатлон

 Дар вилояти Хатлон фестивали ҷумҳуриявии «Марҳабо ба Хатлон» бо иштироки зиёда аз шаст нафар ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни чумҳурӣ баргузор гардид.

ХАТЛОН. МАҲФИЛИ ШИРУ ШАКАР

 Маҳфили «Ширу шакар» дар Кохи Ватани шаҳри Бохтар бо иштироки шоирони шинохтаи вилояти Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуд. Дар он раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Озар (Миралӣ Салим) ва раиси бахши нависандагони Тоҷикистон дар вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ланҷӣ ширкат намуда, маҳфилро дарякҷоягӣ пеш бурданд.

ҶАМЪБАСТИ ДАСТОВАРДҲОИ ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ №1-и ШАҲРИ БОХТАР

 Рӯзи 15 майи соли ҷори  Дар литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ҷамъбасти дастовардҳои литсей дар соли таҳсили хониши ҷорӣ баргузор гардид. Директори литсей Қосимзода Баҳригул баромад карда, иброз дошт,ки дар олимпиадаи фаннии мактаббачагон дар сатҳи вилоят хонандагони синфи 11ум соҳиби 16 ҷой ва хонандагони синфи 9-10 соҳиби 27 ҷой гардиданд.

Кӯлоб. Корхонаҳои хишт ба кор даромаданд

 Айни замон дар шаҳри Кӯлоб се корхонаи истеҳсоли хишти пухта, корхонаи ҶДММ «Хишти Кӯлоб», ҶДММ «Иборатмоҳ», ҶДММ «Умед -2012» фаъолият менамоянд. Бо фаро расидани мавсими гармо корхонаҳои фавқуззикр пурра ба фаъолият оғоз намуда, зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони шаҳри Кӯлобро ба кор фаро гирифтаанд.

Беҳтарин оилаи ҳунарманд

 Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 14 майи соли равон дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор гардид, ки дар он бо намояндагӣ аз шахри Кӯлоб оилаи ҳунарманд Ҳисайнов Раҳмоналӣ бо ҳамсараш Абдураҳимова Одинамо ширкат намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.