Activities calendar

12 Май 2018

Ташрифи раиси вилояти Бадахшон ба вилояти Хатлон

 Имрӯз бо ташабуси раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, меҳмонони гиромиқадри вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки бо иштироки раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба вилояти Хатлон ташриф оварданд, дар даромадгоҳи ноҳияи Кӯшониён бо нону намак ва суруду тарона бо  шукуҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд.

МЕҲМОНДОРӢ ДАР КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ БОХТАР БА НОМИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

 Рӯзи 12.05.2018 як гуруҳи меҳмононро аз вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар китобхонаи марказии шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ бо рақсу суруд, навозиши асбобҳои мусиқӣ ва шеъру сухан истиқбол гирифтанд.

АТЛАСУ АДРАСБОФИИ БОНУВОНИ БОХТАРӢ БАДАХШОНИҲОРО ТАСХИР КАРД

  Мувофиқи нақша гуруҳе аз меҳмонони Бадахшонӣ аз литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтар ва ҳунаромӯзии шогирдони ин даргоҳ дидан карданд. Махсусан атласу атрасбофии гулдухтарони шаҳри Бохтар, ки дар литсейи мазкур ба тозагӣ ташкил карда шудааст, меҳмононро тасхир кард. Дар ҳақиқат лаҳзае чанд ҳамагон тавонситанд, ки аз ҳунару маҳорати баланди духтарони шаҳр дидан кунанд.

ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ БАДАХШОН ДАР ҚУБОДИЁН

 Дирӯз гурӯҳи кории беш аз 150 нафараи навоҳии Рӯшон ва Роштқалъа бо мақсади намоиши ҳунар ва фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вориди ноҳияи Қубодиён гардиданд.

ШИНОСОЙИ БАДАХШОНИҲО БО ФАЪОЛИЯТИ КДФ ОБТАЪМИНКУНӢ ВА КАНАЛИЗАТСИЯИ ШАҲРИ БОХТАР

 Меҳмонон аз вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар қисмати дуюми рӯз аз КДФ обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр дидан намуданд.

Ташрифи меҳмонон ба шаҳри Левакант

 Шоми 11 май шаҳри Левакант меҳмонони бадахшониро ба остонаи хеш қабул намуд. Раиси шаҳр Самизода С.З., роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва сокинони шаҳр онҳоро бо гулу гулдаста ва нону намак пешвоз гирифтанд. Барои меҳмонон дар назди қасри фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангии кормандони бахши фарҳанг баргузор гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.