Activities calendar

07 Май 2018

Зиёда аз 4150 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб аз хизматрасонии ройгонӣ тиббӣ бархурдор гардиданд

 Корвони саломатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Азиз Абдусаттор дар якҷоягӣ бо устодони баландпояи соҳаи тиб, профессорону табибони пуртаҷриба, сардорони муассисаҳои тандурустӣ ва дигар шахсони масъул ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.

Таҷлили Фестивали  «Ҳафтаи  китоб» дар ноҳияи Дӯстӣ

  Дар доираи дастуру супоришҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳру навоҳии кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосаи фарҳангию маърифати таҷлил гардид.

Омодаги ба  рӯзҳои фарҳангии ВМК Бадахшон дар Хатлон

  Дар ассоси нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  баҳри қавигаштани дӯсти ва ҳамкории самарабахш аз 10 то 13 майи соли равон Рӯзҳои фарҳангии  Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар  вилояти Хатлон дар назар дошта шудааст.

ФОРУМИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 Дар шаҳри Бохтар Форуми соҳибкорони вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Форуми мазкур соҳибкорони пешсаф ва муваффақи ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории Форум ин мустаҳкам намудани риштаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва бастани шартномаҳои нави ҳамкорӣ дар ин самт мебошад.

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ аксияи иттилоотӣ доир карда шуд

 Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ҳамкори бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мирсаид, Али Ҳамадонӣ дар ноҳия аксияи иттилоотӣ доир карда шуд.

Фархор. Cеминари омӯзиши оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

  Мувофиқи Нақшаи кории Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ вилояти Хатлон дар ноҳияи Фархор семинари омӯзиши оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” доир карда шуд.

Левакант. Маҳфили “Оилаи ибратомӯз”

  Тибқи низомнома ва ҷадвали тартибдодаи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҳфили навбатии «Оилаи ибратомӯз» дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо иштироки як қатор оилаҳои обрӯманди деҳа ва муҳассилини синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

Кӯлоб. Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ

  Дар Мачмааи варзишии шаҳри Кӯлоб ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо ташаббуси якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуда буданд, ҷамъбаст карда шуд.

Натиҷаи ҳамкориҳои судманд

 Беморхонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳамкори бо Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон маводҳои доруворие, ки муҳлати истифодашон гузашта буд, тариқи сӯзонидан  несту нобуд карданд.

ОҒОЗИ МУСОБИҚАҲОИ КУШОДИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

 Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаҳои кушоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи бозиҳои тенниси рӯи миз, футболи хӯрд, волейбол, варзиши сабук ва шашкаю шоҳмот байни ҷавонони то 35 солаи ҷумҳурӣ  оғоз  гардид,  ғолибон сазовори «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» мегарданд.

ФЕСТИВАЛ ТО 15-УМИ МАЙ ИДОМА МЕЁБАД

 Ҳамасола дар моҳи апрел дар саросари кишварамон фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китобҳои кӯдаконаю наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад.Мақсади ин чорабинӣ қабл аз ҳама қабл ин  ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-иттилоотии кӯдакону наврасон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллию ватандӯстист.Кӯдакону наврасон тавассути чорабинии мазкур имкон пайдо менамоянд, ки бо шоирону нависандагони дӯстдоштаи худ аз наздик шинос

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.