Activities calendar

17 Апрел 2018

Садриддин Айнӣ-ходим, нобиға ва чеҳраи мондагори миллат

 Бо ташаббуси бахши маориф дар қасри фарҳанги шаҳр бахшида ба 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-адабӣ ва фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар хифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» баргузор гардид.

Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб»  баргузор  гардид

 Санаи 16-уми апрел дар муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин расми бо тантана кушодашавии  Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб»  дар вилояти Хатлон  таҳти унвони «Сафинае дар баҳри дониш»  баргузор  гардид.

Бохтар. Раисони пешсаф бо мукофоти раиси шаҳр  қадрдонӣ карда шуданд

 Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар чанде аз раисони маҳаллаҳои шаҳр барои фаъолӣ, пешсафӣ, саҳми арзанда дар ободониву кабудизоркунӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо мукофоти раиси шаҳри Бохтар қадрдонӣ карда шуданд.

Бохтар .Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»

  Дар толори Кохи Ватани шаҳри Бохтар «Фестивали Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста, раиси шоирону нависандагони Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар Озар ва чанде аз дигар шоирони шинохтае, ки барои кӯдакону наврасон эҷод мекунанд, инчунин намояндагони китобхонаҳои вилоятиву шаҳрӣ, муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону хонандагон иштирок доштанд.

Кӯлоб. Чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ 

 Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳр  санаи 15 апрели соли равон Донишкадаи  технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар  шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукӯҳи  фарҳангӣ баргузор  намуд.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11