Activities calendar

16 Апрел 2018

НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ РӮ БА ПОЛЕЗИҲОИ БАРВАҚТӢ ОВАРДАНД

 Кишоварзони ноҳияҳои  ҳамсояи Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тӯли ду се соли охир аз кишти барвақтии полезиҳо манфиати хуби иқтисодӣ бардошта, акнун дар пайи зиёд намудани майдони ин намуди зироатанд.Алҳол майдони кишти полезиҳои зериплёнкагии  деҳқонони фархорӣ  471 гектар  ва ҳамадонигиҳо 373 гектарро ташкил менамояд.Деҳқонони данғарагӣ низ ба ҳамсояҳои худ пайравӣ карда, ҳаҷми кишти ин намуди маҳсулоти барвақтиро ба 188 гектар расониданд.

БУНЁДИ МАҶМААИ ПАРЧАМУ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРАКИ МАСКАВИ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

 Дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ -шаҳраки Маскав бунёди маҷмааи парчаму нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.Маҷмаа дар саҳни васею дилрабои мақомоти иҷроияи    ҳокимияти  давлатии ноҳия ва дар рӯбарӯи муҷассама ва майдони ба номи Исмоилӣ Сомонӣ бунёд гашта, ба ҳусни ин шаҳраки зебои ҷануби кишвар ҳусни дигаре замъ кардан дорад.Баландии пояи парчам 26 метр ва нишон 20 метрро дар бар гирифта, майли онҳо ба самти тулӯи хуршед аст.

ОЗУҚАДИҲӢ ОМИЛИ АСОСИИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Деҳқонон хуб медонад, ки бидуни додани озуқа бардоштани ҳосили дилхоҳ аз зироат душвор  аст.Ба ин хотир деҳқонони навоҳии минтақаи Кӯлоб алҳол машғули додани озуқа ба майдонҳои пиёзу ғалладонагиҳоанд.Онҳо то имрӯз майдони 1805 гектар пиёз ва 75441 гектар ғалладонагиҳоро озуқа дода, азм доранд, ки          аз ин майдонҳо ҳосили фаровон ба каф меоваранд.Дар маъракаи озуқадиҳӣ деҳқонони ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Данғара ва Муъминобод фаъол буда, то имрӯз бештари хоҷагиҳои деҳқонии онҳо зиро

Дӯсти: Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро киш мекунанд

 Дар ноҳияи Дӯстӣ 14 ҳазору  450 гектар замини корам мавҷуд буда, имсол, тибқи нақша, дар майдони 7 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида мешавад. То имрӯз дар майдони зиёда аз 5000 гектар пунбадона кишт шудааст.

ИСТЕҲСОЛИ ОРД ДАР КИШВАР БЕШТАР ШУД

 Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба қадри 7,1 ҳазор тонна орд ба маблағи 1,6 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазор тонна камтар аст.

АВВАЛИН ПИРӮЗИИ “ПАНҶШЕР” ДАР ЛИГАИ ОЛИ

 Дар даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони худ тими «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

КИШТИ ПУНБА ДАР МАЙДОНИ 4000 ГЕКТАР

Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон хабар доданд, ки имсол дар ноҳияи Данғара дар майдони 4000 гектар тухми пунбадона кишт хоҳад шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11