Activities calendar

15 Апрел 2018

Баргузории конфронси илмӣ- амалӣ дар Кӯлоб

 Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ  конфронси илмӣ- амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Нақши рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон» баргузор гардид. Дар  рафти конфронс  беш аз 18 маърӯза  шунида   шуд.  Мавзӯъҳо  оиди рушди  ҳунарҳои  мардумӣ  ва  сайёҳӣ      дар ду бахш мавриди баррасӣ қарор гирифта  музокираҳо  шунида   шуданд.

Вохӯрӣ бо гирандагони Стипендияи Президентӣ

Дар шаҳри Бохтар бо иқдоми  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии  гирандагони Стипендияи Президентӣ  доир гашт. Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, волидайни стипендиантхо иштирок доштанд.

ҚАҲРАМОН ФАРЗАНДИ МИЛЛАТ

 Миллати тоҷик роҳи  пуршебу фароз ва монеаҳои душвори замонро маҳз бо қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонааш пушти сар гузошта, аз имтиҳонҳои сангини таърих борҳо гузаштааст. Воқеан, дар ин марҳилаҳои тақдирсоз чи дӯсту чи душман гумон мекарданд, ки миллати тоҷик охирин нафасҳои ҳастияшро мешуморад ва вазъият ҳам ин гумонҳоро тасдиқ мекард.

Кӯлоб: Як рӯзи истироҳат дар боғи фарҳангӣ

 Тибқи нақшаи  чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳр  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои фарҳангӣ доир карда мешавад.

Маҳфили: “Рӯзғордорӣ”

 Бо ташаббуси раёсат бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маҳфили “Рӯзғордорӣ” рӯзҳои 9 то 13.04.2018 дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Левакант ва ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷ. Балхӣ, Чайҳун ва Панҷ гузаронида шуданд.

Чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Гузаргоҳи ҳунармандон”

 Таърихи 13.04.208 дар Маркази савдои Душанбе мол (Ашан) чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Гузаргоҳи ҳунармандон” дар намоиши “Сад ранги чакан” бо иштироки ҳунармандони 11 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузор гардид, ки ҳунармандони вилояти Хатлон баҳои баландро сазовор гардид.

Маҳфили:  “Оилаҳои ибратомӯз”

 Бо мақсади иҷрои Барномаи рушди оила дар вилоят, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақил, ва ҳидояти ҷавондухтарону ҷавонписарон ба ҳаёти намунаи ибрат ба воситаи маслиҳату машварати оилаҳои намунавӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Ҷайҳун, Носири Хусрав маҳфили “Оилаҳои ибратомӯз” гузаронида шуданд.

Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии шаҳри Кӯлоб амалӣ мегардад

 Барои мусоидат ба пешрафти вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар шаҳри Кӯлоб бунёди 150 иншоот ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар зиёда аз 100 иншоот идома дорад. Аз ҷумла иншоотҳои зикршуда дар асоси татбиқи лоиҳа бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо маблағгузории Бонки Олмонӣ ба маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ дар Маркази перинаталии беморхонаи вилоятии №2- шаҳри Кӯлоб аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Махсус» ҷараён дорд. 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11