Activities calendar

14 Апрел 2018

МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА МЕАФЗОЯД

 Дар навоҳии минтақаи Кӯлоб аз се як ҳиссаи нақшаи кишти картошка  мансуби  деҳқонони ноҳияи Мӯъминобод  аст. Картошкапарварони мӯъминободӣ азм доранд, ки имсол майдони киштро ба 1300 гектар расонида,  ба гирифтани ҳосили фаровон шарафёб мегарданд.Ёдрас мешавем, ки ин нишондод дар нисбати соли гузашта 300 гектар зиёд аст.Айни ҳол маъракаи кишти картошка дар мавзеъҳои баландкӯҳи ноҳия  бо суръати дучанд идома дорад.

ИНТИҚОЛИ МАВҶҲОИ РАДИОВУ ТЕЛЕВИЗИОН БЕҲ МЕГАРДАНД

  Навоҳии кӯҳистони минтақаи Кӯлоб дорои релфи мухталиф аст ва бо хамин сабаб зарурат пеш меояд, ки барои фарогирии бомароми мавҷҳои шабакаҳои радиоиву телевизионӣ, истгоҳҳои нави замонавии интиқоли мавҷҳо бунёд карда шаванд ва ё истгоҳҳои кӯҳна бо дастгоҳҳои  муосир ҷиҳозонида гарданд.Яке аз ноҳияҳои релфи мураккаб дошта, ин ноҳияи баландкӯҳи ба номи Шамсиддин Шоҳин аст, ки онро дар самти  фарогирии мавҷҳои радиоиву телевизионӣ мушкилотҳои зиёди техникӣ думболагир аст

ШАҲРИ БОХТАР МАРКАЗИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

 Дар шаҳри Бохтар ба рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Давоми се моҳи соли равон дар маҳал ҳунарҳои гуногуни мардумӣ ташкил карда шуданд.

Зебои  тавонои ва донои аз варзиш аст

 Ҷиҳати иҷрои Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ –варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, машқҳои пагоҳирӯзӣ дар назди 33  майдонҳо, гулгашту хиёбонҳои  25 шаҳру ноҳияҳои вилоят бо давомнокии аз 20 то 35 дақиқа баргузор карда шуданд.

Ба истиқболи 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ 

 Нақши устод Айнӣ дар ташаккул ва асоснок намудани ҳувияти миллии нави тоҷикӣ хеле бузург буда, афкори ӯ  заминагузори андешаи миллӣ-озодихоҳӣ, истиқлолхоҳӣ ва давлатхоҳии тоҷикон мебошад. Агар замони Сомониёнро марҳалаи аввали ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ, ки пайомади он ташкили империяи бузурги миллӣ буд, биномем, пас марҳалаи дуввум баъди ҳазор сол бо ному пайкори устод Айнӣ бастагӣ дорад, ки натиҷаи набардҳои ӯ ташкили Тоҷикистон буд.

15 Нафар занону духтарони хонашин ба омӯхтани касби попурӣ ҷалб карда шуданд.

 Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз тарафи Асосиатсияи миллии занони соҳибкор дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва  оилаи ноҳияи Вахш 15 нафар занону духтарони хонашин ба омӯхтани касби попурӣ ҷалб карда шуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11