Activities calendar

13 Апрел 2018

14 медал дар як мусобиқа

 Варзишгарони шаҳри Кӯлоб дар марҳилаи ниҳоии Спартакиадаи бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба бокс, ки  дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд   баргузор гардид, фаъолона  иштирок намуда, сазовори  14 медал шуданд.

“Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва тероризм барои солҳои 2016-2020”

 Рӯзи 13.04.2018 дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/8 - и шаҳри Норак бо 340 нафар занони маҳбус дар мавзӯи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва тероризм барои солҳои 2016-2020” сӯҳбат гузаронида шуд.

Чорабинии илмӣ фарҳангӣ таҳти унвони «Дар меҳмонии ҳунармандон»

 Дар санаи 10.04.2018 тибқи нақша- чорабиниҳои осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» як гуруҳ ҷавонони фаъол, ҳунармандон ва иштирокчиёни чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Дар меҳмонии ҳунармандон» аз ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби бештари аҳолӣ аз ҷумла наврасону ҷавонон ба тамошои осорхона ташриф оварда

Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои "2013 - 2020"

 Санаи 11 апрели соли 2018, дар асоси нақшаи таҳрезигардида, вохӯри аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо  кормандони шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» аз 30 августи

Аҳамияти варзиш ба саломатии инсон

  Кормандон ва мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти  Хатлон, дар барномаи телевизионии “Тарзи ҳаёти солим” дар якҷояги бо мутахассисон ва духтурони Маркази тарбияи ҷисмонии вилоят дар мавзӯӣ: “Аҳамияти варзиш ба саломатии инсон” 23 дақиқа тавассути телевизиони вилояти Хатлон баромадҳо намуданд.

Барномаи милли рушди донории хун ва ҷузҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои "2015-2019"

 Кормандон ва мутахассисони Филиали муассисаи давлатии Маркази Ҷумҳуриявии Илмии Хун дар ш.Бохтари вилояти Хатлон бо мақсади иҷроиши “Барномаи милли рушди донории хун ва ҷузҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2015-2019», давоми ҳафта 336 нафар донори хун ва плазмасупор аз қайд гузаштанд, ки аз онҳо ба миқдори 174 л 930 мл  маводҳои хун, аз он ҷумла: зардоби тезяхкардашуда 83 л 900 мл, 90 л 490 мл барои кӯмаки фаврӣ беморони муассисаҳои тиббӣ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тайёр

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА ба шаш зина боло рафт

 Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) 12 апрел раддабандии нави дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳонро нашр намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11