Activities calendar

05 Апрел 2018

Кишти пахта дар шаҳри Кӯлоб

 Имсол кишоварзони шаҳри Кӯлоб кишти пунбадонаро вобаста ба шароити боду ҳаво, ки гармтар ва бебориш омад,  нисбат ба соли гузашта 15 рӯз  пештар  оғоз намуданд. Айни замон кишти пахта дар хоҷагиҳои дехоти Кӯлоб  муташаккилона идома дорад.

Аввалин Пирӯзии «Хатлон»-и Бохтар

 Тими «Хатлон»-и шаҳри Бохтар пирӯзии аввалинашро дар мусобиқаи қаҳрамонии имсолаи футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба даст овард.

Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ – дар сатҳи умумии вилоятӣ дар Маркази саломатии ш.Бохтар таҷлил мегардад

 Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятӣ Хатлон ва  Раёсати тандурустии вилоятӣ Хатлон  бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» санаи 7 апрели соли равон аз соати 8.00 то соати 15.00 дар муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ш.Бохтар, бо иштироки устодону профессорон ва мутахассони баландпояи соҳавӣ чорабинии умумии вилоятӣ зери шиори «Фарогирии умумии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ» гузаронида мешавад.

ТАҶДИДИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ДАР БОХТАР

 Дар шаҳри Бохтар таҷдиди баъзе аз хоҷагиҳои деҳқонӣ рафта истодааст. Хусусан хоҷагии деҳқонии Мирзо Турсунзода аз нав таҷдид гардид, ки 79 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагии деҳқонӣ 374 саҳмдор дорад. Қаблан роҳбари хоҷагиро кишоварз Абдуллоев А. ба уҳда дошт.

Левакант: Дастгирии маъюбон ва оилаҳои камбизоат дар мадди назар

  Дастгирии оилаҳои камбизоат ва шахсони маъюбу танҳо ва беҳтар сохтани шароити зисту зиндагии онҳо ҳамеша дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қарор дорад. 4-уми апрел дар доираи чунин чораҷӯиҳо истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Эмомназаров Убайдулло, маъюби гурӯҳи як бо аробачаи маъюбӣ таъмин гардид.

Левакант: Вохӯрӣ дар самти  баланд  бардоштани  маърифати  ҳуқуқии шаҳрвандон

 Дар  шаҳри Левакант тибқи  нақша-чорабиниҳои муштараки бахши ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғону ҷавонони РВКД дар вилоят, Раёсатҳои тандурустӣ, телевизиони вилояти Хатлон, Раёсатҳои кор  бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, шуъба оид ба корҳои дин, шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии  вилояти  Хатлон, Агентии шуғли аҳолӣ,  вохӯрӣ бо иштироки  васеи  ҷавонон  ва  намояндагони табақаҳои гуногуни  аҳолӣ баргузор гардид.  Тавре Хатича  Беко

Боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб ободтар мешавад.

 Имрӯзҳо боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб  ба макони фароғату истироҳат ва мавзеи тамошобоби  кӯдакону наврасон мубаддал шудааст. Ҳамарӯза садҳо  нафар кӯдакону наврасон  аз ин макони фароғату истироҳат дидан мекунанд.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11