Activities calendar

14 Феврал 2018

Чанд ғулом наметавонанд  «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд: ё чӣ гуна наҳзатиҳо «аз беамакӣ харро амак гуфтаанд»?

Рӯзи гузашта расонаҳои наҳзатӣ эълон намуданд, ки гӯё «гурӯҳе аз шахсиятҳои сиёсии тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд», созмонеро бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис намудаанд. Ин номи баланд ва ин даъвои бузург боис шуд, то таваҷҷуҳ намоем, ки ин ин «озодандешон» кистанд ва ин иқдом то куҷо ҷиддист? Аммо, афсӯс, ки таҳқиқи масъала чизе бисёр ҳақиртар аз ин ному аз ин даъворо нишон дод. Бинобар ин, зарур донистем, ки баъзе мулоҳизаҳои худро нисбат ба ин «анҷуман» ва муассисони он ироа намоем.
Агар ибораҳои воҳиманоки «афроди шинохта», «шахсиятҳои сиёсии тоҷик», «рӯшанфикрони миллат», «озодандешони тоҷик» ва ғайраро, ки расонаҳои бегона дар муаррифии муассисони ин «анҷуман» истифода кардаанд, бо рӯйхати муассисон муқоиса кунем, мебинем, ки дар байни онҳо ягон шахсияти шинохта ё фарҳангии тоҷик вуҷуд надорад. Магар касе дар Тоҷикистон «шахсияти сиёсӣ» ё «фарди шинохта»-еро бо номи Темури Варқӣ, Равшани Темуриён, Аюб Эгамов ё Ҳаким Рабимпур мешиносад? Чи тавр чанд шахси гумном, ки се нафари онҳо ҳатто модарзод тоҷик набуда, забони тоҷикиро низ намедонанд, худро бешармона «озодандешони тоҷик» номидаанд? Аз кай боз намояндагони халқи бародар Темур Қиличовичу Равшан Темурович миллаташонро иваз карда, тоҷик шудаанд? Магар котиби матбуотии Маҳмуд Худойбердиевро, ки солҳо аз фаъолияти зиддитоҷикии ӯ репортаж таҳия мекард, «озодандеши тоҷик» номидан мумкин аст? Ё магар Аюб Эгамовро, ки як қаллоби техникӣ буда, дар Россия шахсан барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сохта мефурӯшад, «шахсияти сиёсию фарҳангии тоҷик» номидан чӣ маъно дорад?

Нақши занон  дар рушди  ҳунарҳои мардумӣ 

   Имрӯз дар толори “Кохи Ватан”-и шаҳри Қӯрғонтеппа Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон таҳти унвони “Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид.

  Занон ва рушди илмӣ муосир

     Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм дар толори  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конференсияи илмӣ таҳти унвони  “Занон ва рушди илмӣ муосир” бо иштироки олимону професорон, номзадҳои илм, унвонҷӯёну дотсентон аз ҳисоби занон баргузор гардид. Беш аз 100 мақолаҳои илмӣ ворид гардид, ки ин нишон аз пешравии занон дар соҳаи илм шаҳодат медиҳад.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11