Activities calendar

12 Феврал 2018

БУНЁДИ МУАССИСАҲОИ ТИББИЮ ФАРҲАНГӢ ВА ИСТЕҲСОЛӢ БО УСУЛИ ҲАШАР ВА ДАСТГИРИИ  СОҲИБКОРОН

    Дар давоми соли 2017 дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик тавассути ҳашар ва дастгирии молии ашхоси саховатпеша, минҷумла соҳибкорони ватандӯсти он як қатор амалҳои нек ба сомон расонида шуданд. Чунончӣ дар деҳаи Баҳманрӯди ҷамоати деҳоти Танобчӣ, деҳаи Рӯҳафзои ҷамоати деҳоти ба номи Сайидмуъмин Раҳимов ва деҳаи Нӯрафшони ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев биноҳои нави Марказҳои саломатӣ ва китобхонаҳо сохта ба истифода дода шуданд.

«ДАРГОҲИ ҲУНАР»

   Таҳти ҳамин унвон озмуни вилоятии муассисаҳои клуби деҳотӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 гузаронида мешавад.

Баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ

    Ба иттилои масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Кумита ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳру ноҳияҳои вилоят машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла, субҳи барвақти рӯзи 10 феврали соли равон дар хиёбону боғҳои

 ТАТБИҚИ 33 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ

    Дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон 33 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида, аз ҳисоби онҳо 390 миллион сомонӣ маблағҳо аз худ карда шудааст.

МУҲАММАДМУРОД САРМУРАББӢ ШУД

    Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони номдори тоҷик, сармураббии дастаи мунтахаби ҷудо (Judo)-и Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Фахриддин Раҳимовро иваз кард.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11