Activities calendar

01 Декабр 2017

НАСЛИ ИСТИҚЛОЛУ СУЛҲУ ВАҲДАТЕМ, ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ – ҲАМОИШ

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ, раиси вилоят ва донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, таҳти унвони “Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем, пайравони Пешвои миллатем” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардид.

КИШТИ БАРВАҚТИИ САБЗАВОТ КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ

Кишти саривақтии сабзавот дар пурра гардидани бозори истеъмолии мардум бо маҳсулоти тару тоза ва баланд гаштани иқтисодиёти хоҷагиҳои деҳқонӣ аҳамияти калон дорад. Бо дарназардошти ин нукта тамоми деҳқонони сарбандӣ кӯшиш намуда истодаанд, ки боду ҳавои мусоидро дуруст истифода намуда, майдонҳои кишти сабзавотро зиёдтар намоянд.

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ХОҶАГИИ «БАРАКАТИ БОҲТУРОБОД»

Рӯзи 30 ноябр дар хоҷагии деҳқонии «Баракати Боҳтуробод»-и Ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо иштироки деҳқонон, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ, масъулини бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд дар мавзӯи «Шинонидани пиёзи барвақтӣ ва нигоҳубини он» семинарии омӯзишӣ доир гардид, дар ин бора мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар дод.

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЗАН-РОҲБАР”

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» ва «Нақшаи перспективии ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» рӯзи 30 ноябр дар ноҳияи Вахш семинари сайёри омӯзишии «Зан-роҳбар»-ро бо иштироки зано

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11