Activities calendar

10 Ноябр 2017

ОЛИМПИАДА, ОМОДАГӢ, НАТИҶА ВА ХУЛОСА

Пӯшида нест, ки олимпиадаҳои фаннӣ ойинаи сатҳу сифати таълиманд ва маҳз тавассути онҳо мо метавонем ҳусну қубҳи чеҳраи масъулияти худро тамошо кунем. Маҳз олимпиадаҳо нишон медиҳанд, ки мо то кадом андоза озмунҳои маҳалиро шафоф мегузаронем ва ҳангоми интихоби шогирдон барои олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дониши онҳоро дар тарозуи адолат бармекашем.

БА ТАЛАБОТИ ЗАМОН МУТОБИҚ ГАРДОНИДАНИ ОЗМОИШГОҲҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ВИЛОЯТ

Ба мақсади таъмини заминаи моддию техникии озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани онҳо, бо ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фароз” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои мазкур идома дорад.

НОМГУЗОРӢ ТИБҚИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаю ташкилотҳо ва аҳолӣ дар мавзӯи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

МАОРИФ ГУРӮҲИ НАВИ КОРӢ ТАЪСИC ДОД

Тибқи моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Дар бораи маориф” забони асосии таҳсил дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ мебошад. Дуруст аст, ки давлат ба шаҳрвандон интихоби забони таҳсилро кафолат дода, ба забони модарии онҳо гирифтани таҳсилоти умумиро таъмин менамояд, вале дар баробари ин, омӯзиши забони давлатӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ бо ин забон ҳатмӣ дониста мешавад.

ТАКМИЛИ УСЛУБҲОИ ТАЪЛИМ - ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Такмили услубҳои таълим ҳамеша дар маркази диққати олимону муаллимон қарор дошт ва дорад. Алҳол ягон услуб ё гурӯҳи услубҳоро нисбат ба дигарҳояшон афзалиятнок ҳисобидан норавост, зеро онҳо фақат дар алоқамандӣ, дар шароити муайян самар оварда метавонанд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳаматарафаи услубҳо идома дорад. Ва шарту шароити истифодабарии онҳоро тасдиқ накарда чун услуби беҳтарин тавсия додан мумкин нест.

ҶАВОНОН - ҚОНУНҲОИ МИЛЛИРО ТАРАФДОРӢ ВА ТАРҒИБ МЕНАМОЯНД

Чанде пеш тибқи нақша чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Темурмалик дар кучаи марказии ноҳия ба номи И.Сомонӣ роҳпаймоии ҷавонон таҳти шиори “Ҷавонон - қонунҳои миллиро тарафдорӣ ва тарғиб менамоянд”доир гардид.

ЛИБОС: МУАРИФГАРИ ФАРҲАНГӢ МИЛЛӢ

        10 ноябри соли ҷорӣ кормандони Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якчоягӣ бо   бахши кор бо занони мақомоти иҷироияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба фарҳанги либоспушӣ бо хонандагони муасисса суҳбатҳо доир намуданд.  Ҳамзамон дар ин баробар аз кӯчаҳои Ҷ.

НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ТАШАККУЛИ ТЕАТРИ ҚӮРҒОНТЕППА

Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа таърихи беш аз 70-сола дорад. Ин театр соли 1946 дар маркази вилоят дар заминаи театри халқии он солҳо амалкунанда таъсис ёфтааст. Баъди барҳам хӯрдани вилоят (соли 1947) то соли 1951 фаъолият карда, минбаъд боз ба театри халқӣ табдил дода мешавад.

«НАҚШИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» КОНФИРЕНСИЯИ ИЛМӢ ДОИР МЕГАРДАД

Рӯзи 18 ноябри соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав зери унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» конфиренсияи илмӣ доир мегардад.

Мавзӯъҳои масъалаҳои баррасишаванда:

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11