Activities calendar

09 Ноябр 2017

САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ-САДОҚАТ БА ВАТАН

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, дар Муассисаи давлатии китобхонаи оммавии ба номи Ш. Шоҳин намоиши кушоди китобию матбуотӣ дар мавзӯи «Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан!» ташкил карда шуд.

АКСИЯҲОИ ИХТИЁРИЁН БА МУНОСИБАТИ ИСТИҚБОЛ ГИРИФТАНИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ – 2018

Рӯзи 7 ноябр дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар маҳаллаи “Ваҳдат”–и шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқотҳо ва аксияҳои ихтиёриёни Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо сокинон бо мақсади баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, бедор намудани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ бо усули хона ба хона ба муносибати истиқбол гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯ

АЗ ҶАВОНОН ОЯНДАИ НЕКРО УМЕДВОРЕМ

8 ноябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Сарбанд бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори ШВКД дар шаҳр Н. Муродов, аъзоёни Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва иштирокчиёни ҷаласаи тақдирсоз бо шогирдону омӯзгорон ва падару модарони хонанадагони ин муассиса вохӯрӣ доир гардид.

ҲНИТ ВА ДОИШ: ИСБОТИ АМАЛИИ ЯК БУДАНИ ТАЪЛИМОТ, ФАЪОЛИЯТ ВА МАҚСАДИ ИН ДУ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

Тавре ВАО хабар доданд, масъулияти амали террористиро, ки чанде пеш дар Ню-Йорки ИМА содир карда шуд, ДОИШ (дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст!) ба зимма гирифт.

ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН ХУШТАР

Санаи 8-ноябр дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25 — солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин чорабинӣ дар мавзӯи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар» доир гардид.

ФАЗОИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОЗ ҲАМ БЕҲТАР МЕГАРДАД

8 ноябри соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроиияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи нуҳуми Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, таҳти роҳбарии муовини раиси Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон, муовини раиси вилоят Раҷабов Раҷабалӣ доир гардид.

ДАР НОҲИЯИ ВАХШ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИИ ҚАННОДӢ КУШОДА ШУД

Ташкил ва таъсиси марказҳои омӯзишии касбӣ дар навоҳии мамлакат  амали нек буда, имкон фароҳам меоварад, ки ҷавонону бонувон ба ҳунаромӯзӣ машғул шуда, соҳибкасб гарданд. Ин нуқта дар Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр шуда, дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон зина ба зина татбиқ гашта истодааст.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11