Activities calendar

07 Ноябр 2017

КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ТАҚДИРСОЗ

Чанде пеш бо ибтикори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Сарбанд ба истиқболи 23 – юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Санади тақдирсоз” Конфернсияи илмӣ – адабӣ бо иштироки омӯзгорону хонандагон, зиёиён ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр доир гардид.

МУСОБИҚАИ ТИРПАРОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “НИШОНЗАНИ БЕҲТАРИН”

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо Бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик рӯзи 3 ноябр мусобиқаи тирпарронӣ таҳти унвони “Нишонзани беҳтарин” байни кормандони мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд.

ҲАДАФ-ДАРЁФТИ ИСТЕЪДОДҲО

Ҷойи хушҳолист, ки имрӯзҳо масъулони соҳаи маорифи вилоят аз тариқи гузаронидани озмунҳои фаннӣ кӯшиш менамоянд, ки сатҳу сифати дониши хонандагон беҳтар гардад. Аз ҷумла, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябр байни хонандагони то 15 - сола олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор мегардад.

ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАМОИШ, МУЗОИДА ВА ФУРӮШИ ЧОРВОИ ЗОТӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Ба диққати ҳавасмандон расонида мешавад, ки рӯзи 11 ноябр дар шаҳри Сарбанд ва 12 ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон намоиш, музоида ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор мегардад.

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – МАҶМӮИ ОРМОНУ НИЯТҲОИ НИЁГОН

Имсол Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сола мегардад ва мардум бо камолу ифтихор 6 – ноябрро ҳамчун рӯзи санади тақдирсоз ҷашн мегиранд. Дар муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон» бо доираи васеи хонандагон баргузор карда шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11