Activities calendar

10 Август 2017

ИФТИТОҲИ ДУ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА

10 августи соли 2017 бахшида ба Рӯзи варзишгарон ва “Соли ҷавонон” дар маҳаллаи “Садриддин Айнӣ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадшариф Саъдуллоев ду майдончаи футболи хурд сохта ба истифода дода шуд.

АЗНАВСОЗИИ САҲНИ ЧИЛЧАНОРҲОИ ХОВАЛИНГ

Маркази ноҳияи Ховалингро чилчанорҳои бузургу чашмаҳои сарди саҳни он шаҳомати бештар бахшидааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади шукӯҳу шаҳомати тоза бахшидан, ба саҳни ин муъҷизаи беназири табиат корҳои навсозиро ба роҳ монда, ҳамаи иншоотҳои кӯҳнаи хизматрасони онро ба иншоотҳои замонавии дилкашу зебо, мавриди табдил қарор доданд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11