Activities calendar

17 Май 2017

СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ «ТАЪМИНИ ДАСТРАСИИ БИНОҲО ВА ИНШООТҲО БАРОИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД»

Дирӯзи 16-уми май вобаста ба дастури раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дар мувофиқа ба Муассисаи давлатии Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо дар толори меҳмонхонаи «Кӯлоб»-и шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоотҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

ЭЪЛОН! ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА

Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки пагоҳ 18 майи соли 2017 дар муассиаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии осорхонаҳоро зери унвони «Шабе дар осорхона» баргузор менамояд, даъват менамояд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ Ш. ШОҲИН

Рӯзи 15 майи соли ҷорӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар бинои бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бахшида ба «Рӯзи оила» чорабнии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он оилаҳои намунавӣ, навхонадорон иштирок доштанд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11